Амали эҳсони соҳибкор

Дар ноҳия ҳастанд мардони зиндадил, ки дар ин рӯзҳои ҳассоси зиндагӣ ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз менамоянд. Дирӯз соҳибкор, шахси саховатпеша Фарҳод Хоҷаев-сокини Ҷамоати деҳоти «Панҷ» иқдоми нек гирифта, дар якҷоягӣ бо шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи ноҳияи Ҷайҳун 20 нафар оилаҳои камбизоат, ятимон, ва пиронсолони Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ»-ро бо маводи хӯрока аз қабили орд, равған, макарон ва шакар таъмин намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба муносибати моҳи шарифи рамазон ба сокинони кишвар зикр намуданд, ки:- «Анҷом додани амалҳои неку писандида ва ба муҳтоҷон дароз кардани дасти саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартаба, ном ва эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастию исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин арзишҳо дар дини мубини Ислом ба шумор меравад».

Оре, беҳтарин ва арҷмандтарин савоб зам кардан дар номаи аъмол ин дар рисолати Ислом ба муҳтоҷон хайру саховати беминнат додан ин аз олиҳимматию ҷавонмардии шахс вобаста аст. Фазилати хайру савобро агар дарк кунем, як бурда нонро ба дастнигар мехӯрем. Дар урфият гуфтаанд:- дастҳо се гунаанд: гиранда, диҳанда ва нигоҳдоранда. Аз ҳама афзал дасти диҳанда аст. Дасти диҳанда ҳамон дасти шахсе аст, ки аз дороияш ба ниёзмандону ятимон ва пиронсолону барҷомондагони яккаю танҳо, ки дар рӯйи хати нигоҳубини шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд, хайре мерасонад.

Мудири шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи ноҳияи Ҷайҳун Дилором Буриева дар ин аснод зикр намуд, ки амали ҳар як кори хайру савоб аз маддӣ назари Худованд ва бандагонаш дур намемонад. Чанде пеш мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Майнисо Ализода ба се нафар собиқадорони меҳнат барои хизматҳои махсусашон дар созандагию ободкории ноҳия, ки имрӯз ҳаёти пирӣ меронанд кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонид.

Дасти ниёзмандро бардоштан савоби азим аст. Илоҳо, дар ин роҳ сафи саховатпешагонро зиёд намо, то ки муҳтоҷон аз баракати неъматҳои худат баҳраманд бошанд.

М. Сиярзода,