Ҳунар беҳтарин ганҷинаест, ки онро ба ягон дороӣ, сарват, симу зар аз худ кардану харидан ғайри имкон аст. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшаду шахсро соҳибэҳтиром мегардонад.
Солҳо мегузаранду ҳодисаю воқеъаҳои зиёде ба вуқӯъ мепайванданд. Бо гузашти айём бисёр рӯйдодаҳо аз ёдҳо мераванд. Аммо ҳодисаҳое ҳастанд, ки натанҳо бо гузашти солҳо, балки бо гузашти асрҳо низ аз хотираҳо зудуда намешаванд. Соли 2018 хушбахтона барои халқи азизи мо ҳодисаҳои зиёди нишотбахш тақдим кард. Бегуфтугӯ мондагортарин рухдоди ин соли файзбахш оғози фаъолияи чархаи аввали НОБ-и «Роғун» буд. Ин нерӯгоҳ барои минтақа аҳамияти барҷаста дорад ва бо некуаҳволии миллати тоҷик ва халқҳои ҳамсоякишвар мусоидат менамояд.
Дигар аз воқеаҳои мондагор дар соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани ин сол буд. Ин тадбири ватандӯстонаву хирадмандонаи Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, тарғиби сарватҳои моддию маънавии мамлакат, ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намуд ва ҳамчунин, боиси таваҷҷуҳи эътибори бовусъати ҳамагон ба ҳунарҳои мардумӣ гардид.
Тоҷикон табиатан мардуми ҳунарвару ҳунарманданд ва ибораи маъмул, даҳ ангушташон ҳунар аст. Ҳунарҳои кӯҳану навини ин халқи тамаддунпарвар дар сатҳи ҷаҳон камназиранд ва бинандагонро ба ваҷд меоваранд.
Ба шарофати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз нав эҳё гардиданду дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтаанд. Намоиши зиёди ҳунарҳои мардумӣ дар ин сол боз ҳам дастони эҷозофарини тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Хушбахтона, аҳли маориф ин солро ба таври шоиста таҷлил намуданд ва махсусан, барои эҳё, тарғиб ва омӯзиши васеъи ҳунарҳои мардумӣ корҳои зиёди таблиғотию маърифатиро сомон бахшиданд. Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ ёбанд. Аз файзи пешниҳоди ҷолиб наврасону ҷавонони мо фаъолона рӯ ба ҳунаромӯзӣ оварданд. Тарғиби ҳунар як ҷузъи муҳими дарсҳо гашт. Омӯзгорони фидокору ҷӯянда дар вақти таълим, дар лаҳзаҳои муносиб арзиши касбу кори муносибро ба шогирдон талқин кардаанд.
Ба хотири оммавигардонии ҳунаромӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ озмунҳои гуногун дар миёни духтарону писарон гузаронида шудаанд. Духтарони мо асрори ҳунарҳои гулдӯзӣ, нақшакашӣ, тарроҳӣ, мусаввирӣ, рангрезӣ ва ғайраро пурра омӯхтаанд. Яъне барои корҳои оянда заминаи сазовор гузошта шуд. Давраи минбаъдаи фаъолияти омӯзгорон бояд бо ҳамбастагии падару модарон ва сохторҳои масъул ҷараён бигирад. Хонандагони кишвар тавонистанд, ки дар давоми сол хориҷиёнро ба дидани кишвари зебоманзари худ ҷалб созанд. Онҳо дар баробари тамошои водиҳои гулпӯшу дарраҳои сердолу дарахт ва шаҳру деҳоти назаррабо бо ҳунарҳои мардумӣ ошно намоянд. Ҷуробҳои помирӣ, рӯйҷо, дастархонҳои гулдор, сачоқҳои нарму нақшин, маҳсӣ, тоқиҳои чоргули занонаю мардона, пироҳанҳои гуногундӯхт меҳмононро мафтун карданд. Онҳо ҳамчун армуғон аз Тоҷикистон ончизҳои ҷолибро харида ба ватани худ мебаранд. Ҳаминтавр Тоҷикистони мо ҳамчун мулки кӯҳани таърихӣ, дорои ҳунарҳои қадим дар арсаи байналмилалӣ бештар шинохта шуда аст.
Ҳунар мушкилкушои фард бошад
Эй писар, куш то ки боши боҳунар,
Бош мудом дар хизмати аҳли башар.
Ҳунар дар даври мо шуҳрат биорад,
Диҳад болу паре туро дар ин даҳр.
Ҳунар бар одамон бошад чу гавҳар,
Шавӣ ту соҳиби обрӯю ҳам симу зар.
Ҳунар касро ба қуллаҳо расонад,
Кунад тарзи рӯзгоратро мунаввар.
Зиндагии бошукуҳ ҳаст аз ҳунар,
Хору маъюс аст мудом беҳунар.
Ҳунар бар мардумон сарват биорад,
Шукуфоӣ бинӣ, боши чу меҳтар.
Агар хоҳӣ зиндагиат орад самар,
Шавӣ дар назди хақ хуршеди ховар.
Ҳунарманд доимо фархунда бошад,
Шавад он лаҳза соҳиб фатҳу зафар.
Аз қадим буд тарғиби илму ҳунар,
Давлати шахс бошад аз илму ҳунар.
Ҳунар мушкилкушои фард бошад,
Сарбаланд мекунадат дар ин давр.
Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8
Кашонидани оби тоза ба дарозии 480 метр
Дар китоби муқаддаси «Авесто» об дар қатори чаҳор унсури ҳаётан муҳими табиат-оташ, хок ва ҳаво омадааст. Об манба ва мӯъҷизаи ҳаёт мебошад ва бе он ягон мавҷудоти зинда дар рӯйи замин пойдор буда наметавонад.
Истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Ш. Шоҳини Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» солҳои мадид аз дастрасии оби тозаи нӯшокӣ ва мавҷуд набудани хати таъмини об (водопровод) танқисӣ мекашиданд. Чунки хати таъмини об то ҷойи лозимаи кӯчаи Ш. Шоҳин зиёда аз 470м дурӣ дошт. Аз нарасидану надоштани маблағҳои молиявӣ ва имкониятҳои мавҷудаи КДФ «Обу коррезӣ»-и ноҳия ба қисмати аҳолии ин кӯча хати оби нӯшокӣ кашида нашуда буд.
Шахси хайрхоҳи савобҷӯ, бошандаи Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ», корманди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Манучеҳр Кабиров иқдоми некеро пеша кард, ки аҷру савобашро Худованд медонад. М. Кабиров бо аризаи хеш дар иҷрои кори хайрхоҳонааш ба маъмурияти КДФ «Обу коррезӣ»-и ноҳия муроҷиат намуд. Ӯ дар таъмини хати оби нӯшокӣ то кӯчаи Ш. Шоҳин аз КДФ «Обу коррезӣ»-и ноҳия маслиҳат гирифта, бо кӯшишу ғайрати худ ва бо пасандози оилавиаш аз рӯйи лоиҳа ба дарозии 480 метр, ки маблағи хароҷоти кори он 17,5 ҳазор сомониро дар бар мегирифт, лулақубури нави хати оби тоза бурда, қисмати аҳолии маҳаллаи ба номи Ш. Шоҳинро бо оби нӯшокии тоза таъмин намуд.
Об асоси зиндагӣ, саломатӣ ва зебоӣ буда, поктарин мӯъҷизаи олам ва бузургтарин неъматест, ки баҳри инсоният ато шудааст. Оби тоза манбаи ҳаёт ва муҳимтарин захираи рӯйи замин аст. Шукргузор ҳастем, ки дар Тоҷикистони мо ин неъмати бебаҳо фаровон аст. Дар истифодаи оқилонаи об ҳар шаҳрванди ноҳия метавонад ҳиссагузор бошад. Буҷаи хонаводагиро аз сарфи беҳуда нигоҳ дорад. Дар хотима бояд гуфт, ки сокинони маҳаллаи номзикр аз дастгирию иқдоми неки ҷавони боғайрат Манучеҳр Кабиров якҷаҳон арзи сипос намуда, дар ҳақаш дуои хайр гуфтанд.
Маҳмудшо Сиярзода