Изтироб ба ғалаба кардани беморӣ замина мегузорад

Офати табиӣ ё биологӣ аз омаданаш ба инсоният хабар намедиҳад, вале ҳар як одам аз офатҳои табиӣ огоҳ будан, аз чӣ гуна рафтор намудан дар ҳолати рух додани офат ва омода будан метавонад ҷони худ ва атрофиёну пайвандонашро наҷот бидиҳад.

Дар вақти рух додани офати табиӣ наздикони воқеъаи рухдода, метавонанд ҳамдигарро аз хатар бо имконияти худ саривақт кӯмак расонида, ба ҷойи бехайф худро дар канор бигиранд. Наҷотдиҳандаҳо ба кӯмаки мардум дар ҳар лаҳзаи ҳассос хоҳанд шитофт, вале инро низ ба назар гирифт, ки пас аз рухдодани офат наҷотдиҳандаҳо наметавонанд ба ҳама саривақт ёрии амалии худро расонанд, зеро дар ин ҳолат зарардидаҳо зиёд мебошанд. Аз ин лиҳоз ёрии амалии дастаҷамъонаи атрофиён ба зарардидагон беҳтар аст.

Мақсад аз гуфтаҳои боло ин аст, ки бинобар сабаби ба миён омадани пандемия дар ҷаҳон вобаста ба бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19, ки ин вабои сироятӣ сокинони кишвари моро низ аз хайфи худ хабар додаст, эҳтиёткор бошед. Ба ҳар овозаи иғвогарон дода нашавед. Дар ақидаи солими худ устувор бошед.

Дар муроҷиатномаи доктор Ораш Алоӣ аз ИМА ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои мубориза бар зидди коронавируси COVID-19 омадааст, ки: «-дар ҷойҳои серодам шумо, якум аз ниқоб истифода намоед, дуюм чашмҳоро пӯшонед ва сеюм дасткашакро ба дастонатон кашед. Дастҳоро бо собуну оби гарм шӯед ва аз сачоқи муштарак истифода набаред. Новобаста аз он, ки нишонаи беморӣ доред ё на, ин қоидаҳоро бояд ҳатман риоя намоед». Ва дар ҷойи дигар омадааст, ки: «-ҳеҷ кас мурдан намехоҳад ва табибон ҳам мехоҳанд, ки одамон саломат бошанд. Дар ин вазъият муҳим он аст, ки оё мо битарсем ва ё ҳушёр бошем? Албатта бояд ҳушёр бошем. Вақте, ки беморӣ омада аст ва он марговар аст, мо бояд хуб бидонем, ки чӣ кор кунем? Агар битарсем, дар натиҷа хато мекунем. Шахсе, ки сулфа ё ҳарорати баланд дорад, дучори ташвиш мешавад ва сарсону саргардон ба ин ё он беморхона меравад. Шумо дар ин ҳолат бояд ба табибони худатон боварӣ дошта бошед, итминон ҳосил кунед, ки онҳо тавсияҳоеро, ки Вазорати тандурустӣ тасдиқ кардааст, ба шумо медиҳанд. Изтироб ҳеҷ кореро ҳал намекунад».

Дар ҳақиқат ҳамин ҳам ҳаст. Чӣ тавре, ки мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳия хусусан МТТҲС дар якҷоягӣ бо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷайҳун бо усули «хона ба хона» оиди муҳофизат ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ба ҳар як оила маълумоти муфассал дода шуд. Беҳтарин усули пешгирӣ аз беморӣ раҳо ёфтан пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдоштии шахсиро риоя намудан аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо тариқи рӯзномаи ноҳиявии «Ҷайҳун» ба сокинони ноҳия алалхусус волидайн гуфтаниам, ки фарзандони мактабхон имрӯз дар таътили тобистона дар хона қарор доранд, назорати қатъӣ баранд. То ки онҳо дар рӯзҳои ҳавои гармӣ ба кӯча набаромада дар хона ба хондани китобҳои бадеӣ ва эҷодкорӣ бештар машғул бошанд.

Аз оббозии оби наҳр, ҳавзҳои калон, чӯйҳои поёноб худдорӣ намоянд. Ба назди ёру дӯстон ва ҳамсинфон, ки дар дигар маҳалла ё деҳа зиндагӣ доранд, то муҳлати муқаррарӣ рафтуомадро ихтиёр накунанд. Саломатии ҳар як шахс дар дасти худаш аст. Чунки дардро худи ӯ ҳис мекунад на дигарон.

Беҳтар ин аст, ки ҳар яки мо барои саломатии бадани худро нигоҳ доштан риояи гигиенаи шахсиро дуруст ба роҳ монда, тавсияи табибонро дар пешгирии беморӣ зарур донем.

Дурахшон Файзуллозода, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷайҳун