Ҳар вақте саҳнаҳои фоҷеабори Афғонистону Сурия, Ироқу Яманро мебинам, ба ин марди таҳамтан ташаккур мегӯям! Ҳар вақте гурӯснагию ташнагии кӯдакони аксар кишварҳои қитъаи Африқоро мебинам ба ин шахсияти таърихӣ аҳсан мехонам! Ҳар лаҳзае беш аз 40 млн нафар курдҳоро мебинам, ки дар ақсои олам паҳншудаю давлати ягонаю мустақил надоранд, ба роҳбари давлатамон арзи сипос ва миннатдории бепоён менамоям. Ҳар гоҳе ҳамаи ин селаи мошин, дӯкону мағозаҳо, хиёбону кӯчаҳо, гулгаштҳои нав, биноҳои сарбаосмони зебою мунаққашро дар пойтахту музофотҳо мебинам ифтихор намуда мегӯям, ки зиҳӣ эй марди ҷасуру тавоно, пуштибони ин миллати азияткашида, ғамхори мардуми олам барои дастрасӣ ба оби тоза, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Шодравон Лоиқ Шералӣ дар ин мавзӯъ хуб фармудааст:
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳама чиз ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро аз омаду наомадаш.
Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун чону тан.
Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон вале,
Ман набитвонам даме ҳам зинда бошам бе Ватан.
Солҳои охир бо шарофати сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарафманду заҳматпешаамон дар кишвар раванди корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, дар тамоми қаламрави мамлакат садҳо иншооти таъиноти гуногун қомат меафроянд ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳусни тоза зам мекунад.
Рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири пешрафту шукуфоӣ тӯли солҳои охир далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Агар Исмоили Сомонӣ давлати тоҷиконро асос гузошт, Пешвои миллати ориёӣ ин давлатро дубора эҳё намуда, ба оламиён муаррифӣ намуд ва ба тамоми ҷаҳониён мушаххас аст, ки Эмомали Раҳмон асосгузори давлати навини тоҷикон мебошад. Шукрона аз офаридгор мекунем, ки ӯро ба миллати тоҷик саробону сарпарасту раҳнамо кард. Бовар дорем, ки ваҳдати мо абадист ва мардумаш ба зиндагии аз ин ҳам шоистаю арзандатар комёб хоҳад гардид. Воқеъан инсон сарчашмаи ҳама ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳост. Дасти одамизод, ки гулу гиёҳро ҳастӣ мебахшад, муҳити солим меофарад ва ин муҳитро аз ҳама олудагиҳо пок месозад.
Дар воқеъ сари ҳар чанд вақт аз ҷониби ҳукумат эълон шудани рӯзҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, ҳашарҳо ва шанбегиҳо боис гардида аст, ки пойтахти азизамон ба як шаҳри тозаю озода, зебову замонавӣ ва макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонон, аз ҷумла сайёҳони дохилию хориҷӣ мубадал гардад. Зеро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад».
Дар ҳақиқат бояд шукрона кард. Шукрона аз доди Худо, шукрона аз давлату давлатдорӣ, шукрона аз Сарвари хирадманд. Шукрона аз фарзандони фарзонаи диёр, ки дар рӯзҳои сахтӣ ҳамнафасу ҳамқадами моянд.
Ӯмаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8