Таҳлил беҳтарин амал баҳри боварист

Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва барқарорсозии саломатии бадани одам, мутахассисони соҳаи тандурустӣ шабонарӯзӣ кӯшиш ба харҷ дода, то ки нафаре аз бемории нави коронавирус COVID-19 ва ВНМО/БПНМ гирифтор нашудан тамоми чораҳоро меандешанд.

Чан рӯз пеш мошини сайёри махсусгардонидашудаи тиббии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам-бемории пайдошудаи норасоии масунияти байниноҳиявии ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо роҳбарии пизишк Ҳусниддин Ризоев ба ноҳияи мо омада, дар майдончаи назди деҳқонбозори ноҳия, ки имрӯзҳо хеле серодам мебошад қарор гирифта, шаҳрвандон-ихтиёронро дар асоси пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ таҳлили хунашонро дида баромаданд.

Дар ин кори таҳлилӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна беморӣ директори Маркази ВНМО/БПНМ Хусрав Юнусов, директори МТТҲС Мирзомуддин Холов, мутахассисон С. Шоматов, Ҳ. Тошпулатов, М. Шокиров ва намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Раҳмон Неъмонов иштирок доштанд.

Директори Маркази ВНМО/БПНМ дар ноҳияи Ҷайҳун Х. Юнусов дар назди ҷамъомадагон оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии мухталиф, аз ҷумла коронавирус ва ВИЧ/СПИД дар эмин нигоҳ доштани ҳаёти инсон дар ҷомеаи имрӯза ва ҷиҳати татбиқи босамари «Барномаи пешгирии ВНМО/БПНМ барои солҳои 2016-2020», «Барномаи мубориза бар зидди эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» сухан карда, оиди тартиб ва риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ тариқи фаҳмондадиҳӣ тавсия дод.

М. Холов дар байни ҷамъомадагон оиди пайдоиш ва пешгирию табобатии як қатор бемориҳои сироятии мавсимӣ гуфта гузаштанд. Дар идомаи суханаш М. Холов зикр намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳо ва ташаккули тарзи солими инсон ин варзиш мебошад. Бозиҳои варзишӣ ва машқи тарбияи ҷисмонӣ дар солимию бардамии ҳар як одам роҳи аз ҳама пурсамар аст. Варзиш ин худ яке аз омилҳои нигоҳ доштани саломати ҳар як узви бадан мебошад.

Худи он рӯз натиҷаи кори таҳлилӣ нишон дод, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо 415 нафар шаҳрвандон суҳбат гузаронида, маводҳои иттилоотӣ оиди тавсияҳои пешгирии коронавирус ва ВНМО/БПНМ ва рифола ройгон тақсим карда шуданд. Дар ҷараён таҳлили хуни 49 нафар аз ташхис гузаронида шуд, ки ягон нуқсоне дар вуҷуди хунсупорандагон дар рафти таҳлил мушоҳида карда нашуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният» амал мекунад. Дар мувофиқа бо ин қонун ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи махфиёна ва ройгон аз ташхиси ВНМО гузаштанро дорад.

Ба ояндаи хеш умед дорем

«Барои ҳар давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустиашон тамоми шароитро фароҳам оварем» Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар як беморӣ дарди ҷонсӯзи худро дорад. Ҳамагон хуб огаҳ ҳастанд, ки бемории сироятии нави коронавирус COVID-19 тамоми аҳолии ҷаҳонро ба таҳлука андохта, бо ҷони бадани одам бозии марговар дорад. Барои дур сохтани ин  беморӣ аз бадани одам муборизабарандагони хилъатсафед ҷони худро сипар карда, барои барқарорсозии саломатии одам ҷонисорӣ доранд. Панҷ моҳ аст, ки табибони кишварамон, алалхусус пизишкони ноҳияи мо аз беморхонаи марказӣ ба монанди Мустафо Ҳақбердиев, Абдулаҳатов ва Аслиддин Болтабоев аз КАТС Зуҳро Гулямова, Ривоҷиддин Рустамов, Иброҳим Мавлонов ва дигарон дар кори табобатӣ ва муборизаи ин беморӣ лаҳзае остонаи беморхонаро тарк накарда, бо нафарони бистаришудаи гумонбари бемории нави коронавирус шабонарӯзӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода бурда, барои беҳбуд гардонидани саломатии одам кӯшиши дучанд доранд.

-Табобати ин беморӣ аз рӯйи маълумоти мутахассисони олии соҳаи тандусустии ҷаҳон ду ҳафтаро дар бар гирад ҳам, саҳл нест. Чунки бо марг даст ба гиребонӣ. Паҳншавии сирояти ин беморӣ аз шахси бемор ба одами солим гузаштан аз беэҳтиётии ҳар шахс дар риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва дурӣ наҷӯстан аз ҷойҳои ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Ҳар як одам дар ин ҳолати вазнинии сироятёбии бемории коронавирус ҳимояи аввалияи беҳдоштиро ҳатман риоя намояд. Якум ин ки даҳонро бо ниқоби яккарата ё бисёркарата пӯшонанд. Дуюм, дастҳоро баъди анҷоми ҳар кор ё бо чизе расонида шуд, ҳатман бо собун ва маҳлули махсус шустушӯ кунад. Айб нест, агар аз дастпӯшак истифода баранд. Чунки мо аз рӯйи одат ҳарвақт дастони худро ба дастаи дар, пул, девор, чашм, бинӣ ва ѓайраҳо мерасонем. Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки дар маконе, ки одамони зиёде ҷамъшуда суҳбат доранд, 2 метр фосиларо риоя намуд. Ин яке аз пешгирии сироятии ин бемории нави коронавирус дар ҳимояи саломатии бадани худ мебошад.-Гуфт дар суҳбат ба мо муовини роҳбари КАТС-и ноҳия Абдулвоҳид Ҳамзаев.

Ривоҷиддин Рустамов, пизишки оилавии КАТС, вобаста ба бемории нави коронавирус COVID-19 дар минтақа.- сабаби бо ниқоб гаштан ва ба ҷойи кор рафтан дар чист? Аввалан ин ки ҳифз намудани саломатии бадани худ ва дигарон аз сироятёбии бемориҳои мухталиф, алалхусус аз бемории коронавирус мебошад. Аслан вирус аз даҳону бинӣ хориҷ мешавад. Дар фазое, ки берун аз даҳон аст, ки тамоми мавҷудоти рӯйи олам аз ҷумла одам аз ин фазои озод нафас мегирад кӣ медонад, ки чӣ зарар дорад. Умуман мо табибон бори дигар ба сокинони ноҳия ва меҳмонони дохила мерасонем, ки вирусҳо ба шуш аз роҳи бинӣ ва даҳон ба дохили организми инсон дохил шуда, сипас дар найчаҳои нафасгирии шуш паҳн мешаванд. Аз ин лиҳоз доштани ниқоб аз манфиат холӣ нест.

Коронавирус яке аз барангезандаҳои бемориҳои шадиди роҳи нафас буда, беморӣ бо заҳролудшавии бадан ва мушкилоти системаи нафаскашию ҳозима ҷараён мегирад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба тавсияҳои табибон фаъолият карда, худро аз ин бемории даҳшатбор эмин нигоҳ дорем. Бузургворе фармудааст: «Хушбахт нафарест, ки гузаштаро ба некӣ ёдовар шуда, имрӯзро шукргузор асту ба ояндаи дурахшон умед дорад». Абуалӣ Ибни Синои бузург мегӯяд, ки: «Сабаби фавтидани одам на аз беморӣ, балки аз нодонӣ аст». Беҳтар ин аст, ки ҳар як шаҳрванд гигиенаи шахсии хешро риоя намояд.

Маҳмудшо Сиярзода, «Ҷайҳун»