Month: June 2020
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…
Ҳунар беҳтарин ганҷинаест, ки онро ба ягон дороӣ, сарват, симу зар аз худ кардану харидан ғайри имкон аст. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшаду шахсро соҳибэҳтиром мегардонад. Солҳо мегузаранду ҳодисаю воқеъаҳои зиёде ба вуқӯъ мепайванданд. Бо гузашти айём бисёр рӯйдодаҳо аз ёдҳо мераванд. Аммо ҳодисаҳое ҳастанд, ки натанҳо бо гузашти солҳо, балки бо гузашти асрҳо низ аз хотираҳо зудуда намешаванд. Соли 2018…
Ҳабиб Юсуфӣ-шоири ватанпарвар
Имсол ба ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки мардуми тоҷик ҳам қисми ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад, 75 сол пур мешавад. Ҳамдиёрони мо низ аз деҳқони хокпоши оддӣ сар карда, то омӯзгору духтур, кормандони ҳизбию давлатӣ, шоиру нависанда, рӯзноманигор ва намояндагони дигар касбу кор вориди корзори он ҷанг гардида, ватанро аз ҳуҷуми урдуи истилогари фашистӣ муҳофизат намуданд ва ғалаба…
Ҳамбастагии дастаҷамъона дар пешгирии COVID-19
Барои пешгирӣ ва нигоҳдории саломатии бадан мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳия, аз ҷумла кормандони Дармонгоҳи марказӣ (КАТС) ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо усули фаҳмондадиҳии «хона ба хона» сокинонро аз вазъияти мубориза алайҳи бемории сироятии (COVID-19) тарѓиб бурда, ҳамзамон маводҳои иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳолати пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии хавфнок миёни сокинон тақсим карданд. Мувофиқи…
Сулҳи тоҷикон сабақи ҷаҳониён аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи муаззами тоҷик таърихи тӯлоние дорад. Аслан ин миллат ориённасл буда, дар тӯли таърих ҳамчун миллати меҳанпараст ва тамаддунсозу фарҳангшинос шинохта шудааст. Миллати тоҷик дар тӯли ҳаёти хеш ба ҷаҳони мутамаддин фарзандони бузургу фарзонаеро додаст, ки онҳо баҳри рушди фарҳанг ва ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ хизматҳои арзанда намудаанд. Ногуфта намонад, ки тоҷикон ҳанӯз асрҳои 6-7 пеш…
Қаҳрамонон фаромӯш намешаванд
Дар арафаи 75-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва аз ҳисоби фаъолон ва Иттиҳодияи интертансионалистони собиқадори ноҳия бо сардории роҳбари он Александр Валентинович Моисеев дар назди оромгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов лавҳаи ёдгории иштирокчии ҶБВ (солҳои 1941-1945) гузошта шуд. Дар ин рӯзи айёдат ва кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ роҳбари (ҳамкорӣ бо Русия)…
ҒАЛЛАРО АЗ СӮХТОР ЭМИН НИГОҲ ДОШТ
Инак, мавсими дараву ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо ва хӯроки дурушти чорво оғоз ёфт. Дар ин замина ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба «Амалиёти зидди сӯхтор-2020» ҳангоми ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо, хӯроки дурушти чорво ва пахта дар соли 2020, тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 224 аз 16.04.2015 б/ҷ «Оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактию оташнишонии комплексӣ»…
Навмед набояд шудан аз гардиши айём…
Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст. Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба…
Кишоварзӣ
Сабзавоткорони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамасола ба кишти зироатҳои мухталифи сабзавотӣ камари ҳиммат баста, дар парваришу нигоҳубини зироат талош меварзанд. Деҳқонони хоҷагиҳо тирамоҳи соли 2019 барои таъмини Барномаи озуқаворӣ ба аҳолӣ дар майдони зиёда аз 3 ҳазор гектар пиёз кишт карда буданд. Дар парваришу нигоҳубин, обёрию ғизодиҳӣ ва аз ҳашаротҳои зараррасони сафедболаку ширинча муҳофизат намудани зироати пиёз аз заҳрҳои кимиёӣ истифода бурда,…
КОРОНАДУРӮҒИ ИФРОТГАРОЁН БО МАҚСАДИ ФИРЕБИ МАРДУМ
Дар замони муосир тули солҳост, ки бар асари ҷангҳои иттилоотии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо нерӯҳҳои ҷонибдори сиёсати давлатҳои алоҳидаи сайёра, алалхусус Тоҷикистон вазъи геополетикии ҷаҳон комилан хароб гардидааст. Бояд гуфт, ки бо мақсади коста гардонидани вазъи дохилии давлатҳои алоҳида, гурӯҳҳои террористӣ дар сомонаҳои интернетӣ мавоҳои иғвоангези теғадор пехш менамоянд, ки тавре ба ҳамагон рӯз барин равшан аст, мехоҳанд тавассути таблиғот…