ЗИНДА БОД! ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАРИ МО

Чунон  гуфт  Паёмбари   некҷӯй,

Зи  гаҳвора  то  гӯр  дониш  биҷӯй.

 Бале, ҳак аст сухани Паёмбари Акрам Муҳаммад (с) инчунин бидонед, ки нектарин бандагони Худованд пешвоёни доно ва одил ҳастанд. Дар фарҳанги ниёгон анъанаи иншои китобу рисолаҳои махсус, ҳисси шахсиятҳои бузург ва таърихӣ вуҷуд дошт ва давом хоҳад ёфт.

Яке аз чеҳраҳои намоёни миллатамон дар замони ҳозира худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ таърихи гузаштаи миллатро бори дигар таҳлил карда, бузургтарин китоб «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва дигар китобҳо ва асарҳоро рӯи чоп овардааст. Ҷаноби Олӣ ба рушду нумуъи маориф аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш диққати махсус дода шароити таҳсилро барои фарзандони тоҷик ҳаматарафа муҳаё сохта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва илму дониши шаҳрвандон шароити зиндагии омӯзгоронро пайваста дар мадди назари хеш қарор дода, ба тақвият ёфтани соҳа чораҳои муассир андешида истодааст. Соли 2010 соли «Рушди маориф  ва  фарҳанги техникӣ», солҳои 2020-2040 « Солҳои рушди бистсолаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намуд, ки ҳадафи ин барномаҳо баланд бардоштани дониши шаҳрвандон ва ноил гаштан ба ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Инчунин бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  гузашт ва имсол «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад ва ин як шароити мусоиде барои шаҳрвандон аст, ки ҳадисҳои набавӣ дар боби омӯзиши илм ва фарзи Худованд хондан (иқра) мусоидат мекунад. Дар таърихи маданияти тоҷик муқаддамияти ахлоқ хеле назаррас аст. Ин қонуни волои тамаддуни инсониро ҳар як рукнҳои асосии фарҳанг, аз ҷумла дин, фалсафа, адабиёт, фолклор тасдиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Зебосанам», «Шоҳмот» ва ғайраро дастур дод то ҳарчи бештар таваҷуҳи олимон, донишмандон ва ҳунармандон бештар гарданд ва чеҳраҳои зиёди боистеъдодро пайдо намоем, ин хислатҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат кам набуда, дар баробари ин барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пос гузоштан ба таърихи ниёгонамон «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон мардум бо як завқ ҳисси баланди ҳувияти миллӣ ба ободонию созандагӣ, бунёдкорию  хештаншиносӣ машҳуранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо илми назариявӣ ва амалии худ дар ҷаҳон исбот намуд, ки барои адолат, сулҳу ваҳдат, авфу бахшиш, каромату саховат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеъа равобит ба илмҳои ҷамъияти гуманитарӣ бошад, ба илмҳои дақиқ низ саҳми худро гузошта, дар парвариши навъҳои гуногуни растаниҳо ва зоти ҳайвонот тақвияти селексияи хоҷагии қишлоқ (замбурпарварӣ, моҳидорӣ, боғдорӣ ва ҳоказо), ки истеҳсоли саноати Тоҷикистонро тақвият мебахшанд солҳои 2020-2040 «Солҳои рушди бистсолаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намуд.

Ба ин хотир дар байни олимон, донишмандон, толибилмон мақсад гузошта шуд, ки бисёртар озмунҳои гуногунро ба роҳ монда, дар муассисаҳои таълимӣ фанҳои дақиқ бо роҳҳои амалӣ ба роҳ монда шавад. Таҷрибаҳои лабараторӣ ва корҳои амалӣ бештар аз ҷониби ихтирокорон ва навоварон ба қайд гирифта шавад.

Васфи дороияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ниҳоят зиёд буда, ӯ борҳо дар баромадаш таъкид карда буд, ман дар сиёсати давлатдории худам «Маорифро дар мадди аввал мегузорам»  ва дида истодаем, ки ҳақиқатан таваҷҷӯҳи сарвари миллат ба соҳаи маориф ниҳоят беандоза аст. Ин фазилати волои сарвари миллат ӯро ба арсаи камол расонида, миллати тоҷикро ба қуллаи баландтарини дониш мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст хусусан духтарони русто квотаи Президентӣ, Дурахшандагон ва имтиёзҳои дигар фароҳам овард то модари ояндаи тоҷик низ босавод буда, ҷомеъаро босавод гардонад. Сарвари давлат барои омӯзиши фарзандони тоҷик берун аз ҷумҳурӣ бо зиёда аз 50 давлат созишнома дорад, ки оянда кадрҳои дар сатҳи байналмилалӣ дошта бошем. Умуман сохтани муассисаҳои типи нави таҳсил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати солҳои Шӯравӣ чандҳо баробар зиёд шуда, сатҳи маълумотнокӣ назаррас мебошад.

Номи ин абармарди таърих асло фаромӯш нахоҳад шуд ва мумкин солҳои оянда бо хатҳои зарин сабт хоҳад.

Нодиршо Бозмамадов,  омӯзгори  МТМУ №1