Худшиносӣ-шинохти моҳияти ҳастӣ

«Худшиносӣ зербинои тадқиқоти тамоми илмҳост, ки мо онро илми инсонӣ ё худ гуманитарӣ (таъриху фалсафа, забону адабиёт, санъатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ ва ғайра) менамоем. Агар аҳдофи ҳамсагуна бозҷӯстҳо камолоти ахлоқиву маънавӣ ва рӯҳонияти ҷомеа бошад, пас доираи таҳқиқи ин масъала ҳамаи илмҳо ва таълимоти ҷаҳониро фаро мегирад. Алҳол, агар тибқи усули маъмули аз сода ба мураккаб рафтор намоем, хоҳем дид, ки худшиносӣ аз дароне, ки ҷомеаи инсонӣ ба шакли муайян даромад ва эҳтиёҷ ба назму тартибу муносибати иҷтимоӣ ба миён омад, ба муаммоми аввалдараҷаи ташаккули шахсиятҳо ва баъдан ташаккулу таҳаввули миллатҳову давлатҳо табдил ёфт». Эмомалӣ Раҳмон

Ба ёд биорем, ки ҳанӯз дар даврони атиқа, тибқи устураҳои Юнони бостон, дар ибодатгоҳи ҳамон замонҳо маъруфи Делф бо хатти зарин навишта буданд, ки «худро бишнос!» Ин ҷумлаи амриро уламо шарҳу тафсирҳои зиёде додаанд ва аз он маъниҳои гуногун бардоштанд. Дар ин маврид, адиб ва мутафаккири бузурги рус Лев Толстой хеле нишонрас гуфтааст: «Бузургтарин дониш худшиносист. То худатро нашиносӣ, офаридгоратро нахоҳи шинохт». Аммо сарчашмаҳои ҳама гунна донишу фазл ақл аст ва дар ин маврид Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ақли комилро асоси хештаншиносӣ фармудааст. Дар хусус ҳадиси саҳеҳе боқист: «ақл ба се қисмат аст: ҳар ки ҳамаро дорад, ақлаш комил ва ҳар кӣ ҳеҷ якро надорад, бехирад аст. Ақли комил-худро дуруст шинохтан, хуб итоат кардан ва сабри неку дар анҷоми вазифа аст».

Аз ин хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин хулосаи ақл аст. Ҳамин гунна мавқеъгирӣ ва хулосаро дар фалсафаи Юнони қадим ва Аврупои асримиёнагӣ, дар масеҳияту таълимоти Конфутсий ва ҳатто дар таълимоти марксизм низ дидан мумкин аст. Карл Маркс гуфта буд: «Худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Бузургони адабу фарҳанги мо низ ба ин масъала аз паҳлуҳои гуногун дахл кардаанд  ва хулоса як аст: инсон танҳо дар зиндагии иҷтимоӣ касбу камол мекунад ва роҳи камолот аз тарбияти ақл шурӯъ мешавад, ки масолеҳаш илму дониш аст.

Худшиносӣ ба адабу маънавият решапайванд мебошад, аммо ин ҳардуро сарчашма боз ҳам худҷӯй ва мавқеи  худро шинохтан аст. Доиман аз ғафлат дурр будан шарти асосии расидан ба худшиносист, зеро инсони ғофил будан худ мушобеҳи ҳайвонист, ки ғайр аз хӯру нӯшу хоб ихтиёр ва фаъолияти дигаре надорад.

Ба маънии дигар, ҳар инсон махлуқи мураккабест. Беҳуда онро олами сағир намегӯянд. Ҳар чизе, ки дар олами кабир мегузарад, аз қалби ҳамин инсони хокӣ мегузарад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки инсон бидуни маънавияту ахлоқ ва илму дониш чӣ тавр метавонад буду набуди оламро маърифат кунад? Аз ҳамин ҷост, ки инсонҳо фозилу андешаманд, хайрхоҳу нексиришт, худхоҳу бадкирдор ва бадният мешаванд.

Ҳар шахс бояд донад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чӣ нақшу мақоме дорад. Ҳамзамон маърифати дигарон ва муҳит барои худшиносии ӯ заминаи васеътаре фароҳам меоварад. Шинохти муҳит пайваста инсонро ба маърифати ҷомеа ва миллату давлат роҳнамоӣ мекунад. Яъне худшиносӣ зинаҳои бисёре дорад, ки аз ҷониби зиёде-аз тариқи дину мазҳаб ва улуми бисёре омӯхта мешавад, аммо ҳадаф як аст: расидан ба камолоти ахлоқию маънавии инсонҳои алоҳида, баъдан ташаккули ҷомеа ва миллатҳои худогоҳ ва ниҳоятан давлатҳои мутамаддину пешрафта.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омадааст: «Мо пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бар рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварем». Воқеан ҳар миллате, ки насли наврасро ба ҳоли худаш ҳавола карда, нисбат ба онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамояд, ба нестӣ маҳкум аст. Инчунин, ҳар миллате, ки насли наврасро ба оғуши фарҳанги бегона медиҳад, аз асолати худ маҳрум мегардад. Яъне диққати махсус ба наврасон  таваҷҷуҳ ба ояндаи Ватан, ба ояндаи насли худшиноси миллат аст.

Пас барои он, ки ҷавонони ояндаи миллат соҳиби тафаккуру андешаи солим, ҷаҳонбинии васеъ ва маънавиёти бой гарданд, бояд аз наврасӣ ба худшиносии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро гуфтаанд: «Худшиносӣ-сарчашмаи хирадмандист»

 

Худшиносӣ-сарчашмаи хирадмандист

Худшиносӣ неъматест зи арш омадааст,

Сарвати хебе ба халқҳои ҷаҳон оварда аст.

Покдилу ростқавлу бомаърифат, нуқтадон,

Ҷавҳари худшиносиро ба фард фармудааст.

Хештаншиносӣ-ин Ватан дӯст доштан аст,

Неку бади ин ҷаҳонро як ба як омӯхтан аст.

Бош ҳалиму меҳрубон бо мазлуму афтодагон,

Маънии худшиносӣ дастгирии эшон будааст.

Худшиносӣ бо адаб вобастагӣ доштан аст,

Дасти бекасу бечораро мудом гирифтан аст.

Маърифат доштан ба халқу меҳр ба озурдагон,

Худшиносӣ тарғиби хирадмандон будааст.

Худшинос аз бехирад доимо болотар аст,

Кору бори худшинос бе ибо авлотар аст.

Он ки худ шинохту боз ҳурмати диагрон,

Назди ёру дӯстону ҳамдеҳагон азизтар аст.

Шахс бояд донад, моҳияти инсон чӣ аст,

Обрӯи якдигар бар қуллаҳо бардоштан аст.

Бош доим дар ҳирқаи пурпечутоби дӯстон,

Дунё гузарон, афсус! Фурсат ғанимат аст.

Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ №8

 

70 соли пурсамар муборак!

Устоди гиромиқадр, Хоҷаев Муҳаммад Хоҷаевич, мо аҳли шогирдон ва дӯстонатон Шуморо ба ҷашни 70-солагии мавлудатон самимона табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол баҳратон тани бедарду зиндагии хуш, ҳаёти сарсабзу обрӯю эҳтироми инсониро хоҳонем ва аз забони шоир гуфтанием:

Муборак бод зодрӯзат,

Ҳаёти оламафрӯзат.

Фаромӯшнопазир бошад,

Ҳама рӯзат чу имрӯзат.

Барои маълумот

Устод Муҳаммад Хоҷаев (соли таваллудаш 01.07.1949) 52 сол собиқаи корӣ дорад, ки дар 41 соли он ба ҳайси роҳбар дар ташкилоту муассисаҳо фаъолият намудааст. Аз 52 соли собиқаи кориаш 21 соли онро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшида аст, ки шогирдони дастпарвараш айни ҳол аксаран шуҳратёранд, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои устод Муҳаммад Хоҷаев мебошанд. Бояд қайд намуд, ки устод Муҳаммад Хоҷаев дар ҳамин синни муборакаш остонаи маорифро тарк накарда, ҳанӯз пешаи омӯзгориро дар Коллеҷи хусусии муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷайҳун идома бахшида истодааст.

Маъмурияти Коллеҷи хусусии муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷайҳун, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷайҳун ва садорати Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷайҳун»-и ноҳияи Ҷайҳун ба устод Муҳаммад Хоҷаев дар идомаи ҳаёти ва касбу кораш муфаффақият хоҳонанд.ф