Ваҳдат – аз калимаи арабӣ гирифта шуда ба забони шевои тоҷикӣ воҳид, ягона – якка талаффуз шуда бошад ҳам, ифодакунандаи мафҳумҳои олии зиндагиро ифода мекунад.
Яке аз мисолҳои надонистани маънои ваҳдат чанд рӯзе пеш дар ИМА боз ҳам нав ба вуқӯъ омад, ки он нажодпарастӣ маънидод шуд. Тибқи Конвенсияи умумиҷаҳонӣ ва Конститутсияҳои ҳар як давлат – одамон новобаста аз дин, мазҳаб (албатта мазҳабҳои расмӣ), миллат, нажод дар кадом давлате бошанд ҳуқуқӣ баробар доранд. Аз ҷиҳати шаръӣ низ чунин бошад, ки Худованди бузург инсонҳоро бо забонҳо, рангҳо, динҳою урфу одатҳои гуногун офарид ва ин офариниш ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва омӯзиши ҳастии хамдигарӣ мебошад, на ин ки якдигарро таҳқир кардан.
Аз лиҳози таълимоти дини мубини Ислом Худованд «Бахшанда ва меҳрубон» мебошад, пок мебошад, мақсад Худованд ягон миллат, дин ва нажодро ҷудо накардааст ба ҳинду кам ба турк зиёд нагуфта ва нахостааст. Сиёсатмадорон ва олимони ҷомеъашинос ва ҳуқуқдонҳо дар шиносоии инсон ва ҳуқуқҳои инсон ягон тафовут нагузоштаанд, балки таъкид менамоянд ҳарчи бештар ҳуқуқҳои башарӣ омӯхта шаванд.
Миллати тоҷик аз қадим бо мутафакирон ва шоҳони одил ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ фахри зиёде дошта имрӯз аҳли башар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фахри беандоза доранд, ки калимаи воҳидро дар мамлакат байни халқиятҳои гуногун ҷорӣ карда тавонист. Муҳимтарин чизе, ки ба миллати тоҷик он замон нарасид ваҳдат буд. Бо ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, аз соли 1997 сар карда дар кишвари биҳиштии мо калимаҳои зидмаъно (помирӣ, кулобӣ, ғармӣ) аз байн рафтааст ва калимаи тоҷик нақши худро ёфт. Бадхоҳони он даврон миллатро бо ин калимаҳои дар боло зикргардида ва ифротгароиро дар дин дароварда ба парокандагӣ расониданд. Ваҳдати миллӣ ҳамон вақт мавзӯи аслии ҳалли масъалаи бародарони тоҷик буд. Бо талошҳо ва ҷоннисориҳои зиёд ба Президенти маҳбуби мо муяссар гардид, ки миллати пароканда, гуногунирода ва ғаразҳои нисбати ҳамдигариро бахшида пояи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам намуд. Бародарони ҳамзабони мо қайд мекунанд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ армон дошт то миллаташро аз зулмот раҳо кунад, аммо мушараф нашуд, валекин Пешвои миллати тоҷик дар охирҳои асри ХХ дар даврони ҷанги хонамонсӯз нагузошт халқаш, миллаташ дохили зулмот шуда аз тоҷик нишоне нахоҳанд ёфт. Аҷдодони мо аз қадим барои Истиқлолияти руҳӣ ва ҷисмӣ муборизаҳои илмӣ ва сиёсӣ бурдаанд. Масалан ҳангоми густариши дини Ислом дар Осиёи Миёна олимони шинохтаи мо Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуали ибни Сино, Носири Хусрав ва дигар мутафакирон намонданд арабҳо забони арабиро дар хоки аҷдодони мо густариш намоянд. Маълум мешавад, ки илми мутафакирони мо ки илми ҳикмат ва забони шевои мо ки аз ҷиҳати луғавӣ бой буд нисбати забони арабӣ ғолиб баромад. Бояд ёдовар намуд, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ инз парокандагӣ аз ҷумла маҳалгароӣ дар байни миллати мо ҷорӣ намуданд, ки ин боиси хусумат байни сиёсатмадорони он давра гардид. Масалан аксари кадрҳои роҳбарикунандаи РСС Тоҷикистон аз Шимол буданд, мардуми оммафаҳм, ки дониши қазоӣ надоштанд мепиндоштанд, ки тамоми боигарии Тоҷикистон ба Хуҷанд бурда мешавад ва халқҳои ҷануб барои онҳо деҳқон кор мекунанд. Барои ободии заминҳои ҳосилхезӣ водии Вахш аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ одамони зиёд оварданд дар байни онҳо масъалаҳои хешутаборӣ маҳалгароӣ таблиғ намуданд, вале бо шарофати ҳизби ҳукмрони он давра (коммунистӣ) байни онҳо оштӣ давроварда шуд, аммо ин оштӣ номустаҳкам буд. Бо пош хурдани Ҳокимияти Шӯравӣ он аловҳое, ки дар қалби мардуми мо коштаанд соли 1992 аланга гирифт. Сабаби ягонаи ҳамаи ин бадбахтиҳо надонистани худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва аз ҳама муҳим ягонагии миллати тоҷик буд. Сабаби дигари ин бадбахтиҳо ҳизбҳои сиёсии он даврон марбут ба ноҳияҳо ҳаракатҳои гуногун, қувваҳои криминалии манфиатҷӯй, ки аз сарварони нобоварӣ ба худ дошта аз халқ ҷудо буда талабҳои гуногуни манфиати шахсӣ, сару калаи мардумро пуч менамуданд. Умуман маънавиёт тамоман паст рафта халқ аз ақиби кадом, кӣ ба куҷо, то куҷо овора саргардон ва бадбахтиро интизор буданд, валею бале чуноне, ки гуфтаанд: Поёни шаби сиёҳ сафед аст; ё ин ки: Бе ҳукми Худо барг нарезад зи дарахт.
Банда аз соли 1992 то соли 1995 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Рушони ВМКБ буд, вале дар чунин солҳое, ки нонро хоб ё афсона мепиндоштем, ки маҳсулоти якумдараҷаи ниёзи мо тоҷикон буд, дигар ниёзҳоро ҳавас ҳам надоштем, танҳо ба гуши мардум номҳои қумондонҳо меомад. Баъди солҳои 2001 аниқаш вақти хатми донишгоҳ саволе дар қалбам пайдо шуд, чаро он қумандонҳо ва саркардаҳо натавонистанд ҷангро хомӯш, миллатро муттаҳид, сулҳро пойдор намоянд. Якбора посухҳо ёфтам, ки ҳукми Худо барои онҳо набуд, зеро дилу нияташон пок набуд. Ҳадисе ба дилам садо дод: Худованд аз он чӣ бо забон гӯем аз қалбамон огоҳии тезтар дорад зеро гуфтаанд «дили муъмин арши Худо». Пас маълум шуд дилу ниятҳои Пешвои миллатамон пок буд ва Худованд тақдири ин миллатро дар он рӯзҳои сиёҳ ба дасти марди оқил, одил, қавиирода, нотарс ва ростқавл муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон супорид. Дар яке аз ояҳои мубораки китоби осмониамон низ ба ин мазмун зикр шудааст, ки Худованд аз байни қавми хеш барои раҳнамоии мардум шахси донишмандтарин ва ботақвотаринро раҳнамое қарор медиҳад то миллаташро бо роҳи рост ҳидоят намояд.
Пешвои миллат бо ин ҳамаи сифатҳо ва хислатҳои наку дар байни ду қувваи мухолиф ноил гашт, тухми ваҳдатро кишт ва ҳосили ин тухмиро имрӯз шукрона бояд кард ва поянда устувор дошт. Дар хонандагон ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъа мафҳуми ваҳдатро фаҳмонда таҳлил карданд лозим аст. Ягон фарди ҷомеъа бояд нагӯяд помирӣ, кулобӣ, ғармӣ, рус, қазоқ ва ғайра. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷик ва бародарони мо халқҳои рус, узбек ва ғайра.
Дар масъалаҳои мансабии давлатию ғайридавлатӣ бояд ҳам ғараз надошта бошем. Мансаб насиби касе ҳаст, ки халқро дӯст дошта бошад ба халқ хизмат карда тавонад, на ин ки халқ дар хизмати ӯ бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи камбудиҳо ва норасоиҳои давраҳои пешро омӯхта тамоми гирду гӯшаи ҷумҳуриро дахлнопазир ва ягона дониста баробарию бародарӣ ва якдилии миллати хешро ҷоннок карда тавонист. Акнун мо пайравони Пешвои миллат бояд ваҳдатро неъмати Худодод дониста ба асосгузори он сано гӯем, ки моро ба ин рӯзи пур аз файзу неъмат расонида тавонист ва мо бояд ин ваҳдату ин миллатро чун гавҳараки чашм пок нигоҳ дошта онро ба наслҳои оянда меросгузор бошем.
Мо омӯзгорон набояд фаромӯш кунем, ки ҳадафи асосии он давра барҳам додани интилигенсия (зиёӣ) ин куштани омӯзгорон аз ҷониби рӯҳониёни ҷоҳил буд. Мо бояд имрӯз ҷомеъаро биомӯзонем, хизмати содиқона кунем ва барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои ваҳдати миллӣ, ояндаи миллат мафҳумҳои ягонагӣ ва якдигарфаҳмиро тарғибу ташвиқ намоем.
Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пайваста кори ҳаррӯзаи мо буда, роҳ надиҳем, ки ин қонунҳои миллии мо қурб наёбанд, балки тавре онҳоро фаҳмонем, ки насли ояндаи мо ва бародарони ҳамсояи мо низ гавҳари ноёби ин қонунҳоро ёфта манзалати ин қонунҳоро ба қуллаҳои баландтарин расонида тавонем. Маънавиёти ҳар сокини каишварро тақвият дода ваҳдати миллати хешамонро аз тамоми қувваҳои бузург бузургтар нигоҳ дошта тавонем.
Нодиршо Бозмамадов, омӯзгори фанни химияи МТМУ №1