Зери сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ ҳамарӯза як ду иншооти соҳаи варзиш сохта мариди истифода қарор дода мешавад, ки ин воситаи беҳтарин баҳри ҷалби ҷавонон аз оворагарди ба варзиш, пешгирит шомилшави ба гуруҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон мебошад.
Имрӯзҳо варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул мебошад рӯҳану ҷисман солим мебошад. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳои боло имрӯз наврасону ҷавонон ва ҷавондухтарон дар риштаҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин машғул буда, вақти қимати хешро самаранок истифода мебаранд ва дар баробари ин бо истифода аз малакаву истеъдоди хеш дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва бо ишғол намудани мақомҳои ифтихорӣ обрӯи кишвари хешро дар сатҳи байналмиллалӣ баланд мебардоранд. Боварии давлату роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба қишри ояндасози кишвар ҷавонон боиси пешрафт ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҷумҳури гардидааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ имруз дар ноҳияи зиёда аз 151 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, дар ҳудуди ноҳия 19- толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ бо теъдоди 6000 ҷои нишаст. Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо соҳибкорони ватандӯстӣ ноҳия то ба имрӯз 5-майдончаи варзишии замонави сохта ба истифода дода шудаанд. Дар соли 2020 бошад сохтмони 14 майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар арафаи анҷомёби қарор дорад. Варзишгарони ноҳия арзу сипос ва миннатдории самими хешро ҷиҳати тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳкими тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус ба Пешвои миллат ҳамеша баён менамоянд. Имрузҳо варзишгарони ноҳия аз ин шароиту ғамхори истифода бурда дар мусобиқаҳои ҷумҳурияви ва байналмиллалӣ иштирок намуда ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Боиси қаноатмандист, ки тай се соли охир дастаи яккачини ноҳи дар Лигаҳои I ва II -юми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сабқат намуда истодаанд.
Имсол бошад дастаҳои наврасони ноҳия солҳои таваллуди U-13, U-14, U-15 ва U-17 дар Чемпинати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон фаъолона иштирок доранд, ки дар даври якуми Чемпионат яъне минтақавӣ ва вилояти ғолиб баромада сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардида айни ҳол дар даври ҷумҳуриявӣ дар зинаи 6-ум қарор доранд, ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки баҳри наврасону ҷавонон инфрасохтори соҳаи варзиш дастрас ва дар ҳолати хуби кори қарор доранд.
Бо ин роҳ боварии комил аст, ки дар оянда низ бо маҳорату малакаи варзишӣ парчамбардорони ноҳия варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар муаррифи менамоянду бо ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ Парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд мебардоранд ва саҳми худро дар рушди варзиши Ватан мегузоранд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун М. М. Зубайдов