НЕСТ БОД КОРОНАВИРУС!

Худовандо, зи туст ҳар хушгумонӣ,

Маромат ҷамъи шавқат, меҳрубонӣ.

Паноҳи ҷумла одам бар ту бодо,

Тараҳҳум шеваи туст, Ҳақтаъоло.

Намо дар қалби моён ҳамдилӣ ҷо,

Ба таъҷил дорем аз ту ин таманно.

Хурӯҷ дорад вабои нав дар олам,

К-аз бун барканад ӯ насли одам.

Варо ҳар заррааш соиқабор1 аст,

Илоҷи дафъи он дар эътибор аст.

Чу доданд аҳли тиб пайваста дастур,

Ба кор барӣ, нагардӣ ҳеҷ ранҷур.

Ду дасти хеш ҳамеша пок доштан,

Гуворост луқмае дар ком гузоштан.

Нафасро ҳифз бояд аз ҳубобҳо,

Раҳи он бастан аст шарт, бо ниқобҳо.

Бубинӣ гар азизе дар сари роҳ,

Мазан ҳеҷ бӯса бар рӯяш ту ногоҳ.

К-андар ин набошад ҳеҷ зарурат,

На дар тиб рост ояд, на дар шариат.

Чу хоҳӣ бар ҷомеа тандурустӣ,

Тани хешро нигаҳ дор бар дурустӣ.

Соиқабор1 – марговар, кӯшанда.

Ҳаким Назар, деҳаи «Ҳаёти нав», Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»