ФАЛСАФАИ АҚРАБ

Инсоният ба унсурҳои ҳаёти хеш ҳамеша фалсафаи табиатро ба худ касб мекунад. Яке аз фалсафаи шерро дорад, ки ризқи худро бо дасту дандони худ ҳалол карда мехӯрад, дигаре кафторгуна ва рӯбоҳвор мунтазири пасмондаву лошаи дигарон меистад. Яке зиндагии оҳувона ихтиёр намуда, ки рӯзгори пок, луқмаи ҳалол, хислати беозорӣ ва касоне маймунвор бозӣ намуда, зиндагӣ пеш мебарад. Дар маҷму инсонҳо дар зиндагӣ ҳамеша фалсафаи як ҷонзодро ба худ мегирад.

Дар миёни кулли ҷонварони олам хоҳ баҳоим бошад, хоҳ хазанда ва ёчарандаву газанда ҳамагӣ бо ҳисси муҳаббат зиндагӣ мекунад. Гарчанде зеҳнияти тафаккур надоранд, аммо муҳаббат ба фарзанд ва муҳаббат ба модар дар тиннати ҳар як ҷонвар маҳфуз аст. Бачаи шер аз муҳити махуф худро ба синаи модар паноҳ мебарад. Хирсу гургу рӯбоҳу санҷоб ва ҳатто сангпӯшт низ муҳаббати модарию фарзандӣ доранд.

Аммо дар миёни ҷонварони хазанда фалсафаи зиндагии ақраб ё худ каждум ба кулли фарқ мекунад: ӯ фалсафаи инкори ѓайрихудро дошта, ба ҷуз чизеро қабул надорад. Зиндагии каждум аз тухмагӣ ё худ ҷанинӣ дар батни модар оѓоз мешавад. Ӯ аз он замон дар фикри инкори дигарон мешавад. Аз ғизои хӯрдаи модар ѓизо мегирад, аз рагу оби бадани модар қувват мегирад, аз рагу маѓзи пайванди модар шакл гирифта, бо пайдо намсудани нахустин қувваи ҳаракат аввал батни модари хешро неш зада, сониян пайкари модарро аз дохил пора мекунад ва берун мехазад. Барои ин ҷонвар ҳисси модару макон, неку бад, мурувату мадоро вуҷуд надорад. То он даме, ки қувваи ҳаракат дорад, ҳар чизе, ки ба ӯ наздик шуд, ӯро неш мезанад ва заҳри қотил мерасонад. Яъне ақраб табиатан нопок ва фалсафаи инкори ѓайрихудиро дошта, манбаи озори ҷонзодон аст.

Иддае аз инсонҳо низ дар зиндагӣ фалсафаи ақрабҳоро ба худ гирифта, табиатан ба инсонҳои дигар неш мезананд ва ҳисси қатли ҷомеаро дар худ мепарваранд. Ҷиҳати ба даст овардани пул, сарват, курсӣ, мақом, манзалат, эътибор ва ҳатто барои принсипи ақрабии хеш ҳамеша нешашон омодаи заҳр аст. Ин фалсафаи ақрабиро имрӯзҳо дар рафттору кирдор ва афкору гуфтори пайравону саркардагони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ хуб мушоҳида мекунем. Зеро ин тоифа аз хоки поки Тоҷикистон қувват ёфтанд, оби мусаффои руду чашмаҳои Тоҷикистонро нӯш намуда, ба сӯи меҳани муқаддас, Ватани маҳбуб ва Тоҷикистони соҳибистиқлол неши заҳрогину хиёнатбори худро равона кардан доранд. Тоҷикистоне, ки барои ҳар як фарди ин миллат Модар – Ватан аст.

Адибе фармудааст:

Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бод аст,

Тарбия ноаҳлро чун гирдакон дар гумбад аст.

Пас маълум мешавад, ки ин гуна шахсҳоро гузаштанонаш бад будааст. Бадиро аз гузаштагони худ мерос гирифтаанд ва оянда бадиву бахилиро ба фарзандони худ хеш меомӯзанд.

Бухл шохе аз дарахти дузах аст,

Он сабилак аз сагони маслак аст,

Рҷонат кай бибинад он бахил,

Пашшае афтод андар пои фил.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо пурзӯру тавонон шудааст. Аз дасти хоинҳои миллат чизе намояд. Аён шуд, ки онҳо зодаи муҳаббат набуда, дар фикри ободию зебоии Ватани ниёии хеш нестанд онҳо бо фалсафаи сарвату савлату шаҳват зиндагӣ мекунанд, ҳамеша пайи харобии Ватан буда, зиндагии миллатро табоҳ намуданд.

Мо таблѓоти наҳзатиёнро аз кишварҳои аврупоӣ чун неши ақраб эҳсос мекунем,

Бояд насли навраси меҳанро огоҳ намоем, ки ин тоифа нафароне ҳастанд, ки батни модари худ даридаву миллати худро куштаанд. Оё нафаре, ки миллати худро ба қатл расонидааст, метавонад барои ободию хушҳолии дигарон амал кунад?

 

«Неши ақраб на аз баҳри кин аст…»

Рақиби ман наёбӣ тандурустӣ,

Ба кирдори баду рафтори зиштӣ.

Бикӯш то бошӣ ту фарзанди инсон,

Ба феъли бад ба ҳеҷ ҷой сар наёбӣ.

Рафиқи носипос парҳез аз мардумозорӣ,

Бо одобу баду боз мардумфиребӣ,

Магар волидон асҳобу пирони даврон,

Наомӯхтанд гоҳе дар роҳи ростӣ.

Рақибам дар асл каждуми зери бурёӣ,

Замират пур мудом сири пинҳонӣ.

Ҳамеша неш занӣ ба ёру дӯстон.

Кай ёбӣ симои ваҳдати миллӣ.

Кӯшиши кун ҳамеша рӯ ба китоб орӣ,

Халосӣ ёбӣ зи қасосу кину бадхоҳӣ.

Таваҷҷуҳ бештар дар суханҳои оқилон.

Фурӯтан бош, бикӯш дар роҳи хоксорӣ.

Кӯшишат бошад баҳри рушду ободӣ,

Раҳо ёбзи найрангҳои олами фонӣ,

Мазан неше чу ақрабҳо ба халқон,

Расӣ он лаҳза ба қадри худшиносӣ.

Чҳосиле шавад аз бадиву бадхоҳӣ,

Хусумат дур бидор, бипарҳез аз дилозорӣ.

Бикун дастур ба худ осори хуби аҷдодон,

Ѓайрат бештар гардад дар мақоми одамӣ.

 

Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8

 

Марсия дар баёни табибоне, ки ҳаёти худро

баҳри наҷоти аҳли башар аз коронавирус бохтаанд

Ба сад эъзозу икроме таҳният бод ёронро,

Саодатпеша ёрони ба мо умре азизонро.

Масеҳи ҳар дили хаста бихонӣ ин табибонро.

Ҳакимони басе ҳозиқу воқифи зи ҳар асрор,

Зиҳӣ, з-ин ҳимати воло ба кас бахшанд дармонро.

Қудуми ҳар табиб орад табассум дар лаби бемор,

Кунад равшан нигоҳи хуш ба таҳқиқ қалби инсонро.

Аҷаб азму мароми нек бувд дар такмили пеш,

Бурун орем зи лутф сарҳо даронем бас гиребонро.

Ба чашми одамӣ имрӯз ҷаҳон гашт арсаи маҳшар,

Ҳаёт гирдоби ѓам гашту самар ҳар бурдани ҷонро.

Ба ҳар як каҷравии даҳр, агар бо дидаи ҳазор,

Назар созӣ, намои дур, ҳазор осеби давронро.

 

Ҳаким Назар, деҳаи «Ҳаёти нав», Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»