«Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо…»

Солҳои навадуми сари гузашта Тоҷикистон душвориҳои сангинро паси сар карда, аз ҳолати нобудӣ наҷот ёфт. Хусусан бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад, ки бо шарофату пойдории амну субот имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон осудаҳолона умр ба сар бурда истодаанд. Таъмину оромии амният ва ободии Ватан вазифаи масъулиятнокест, ки аз ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда бошад, дар он сулҳу суббот ҳукмрон бошад, нозе неъмат тфаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Худованди таъоло дар сураи «Анфол» ояти 46 мефармояд»: …бо якдигар ба низоъ бамахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. Сабр пеша кунед, ки Худо ҳамроҳи собирон асат». Пас шукри Ватан, тинҷӣ ва сулҳу ваҳдату оромӣ ва шукри дӯстӣ бо ҳамсоягонро бояд кард, то ки Худованд ин неъматро ба мо ҳамеша зиёда ва афзун гардонад.

Халқи тоҷику қирғиз аз дӯсти ҳамдин ҳастанд. Қирғизони зиёде дар ноҳияҳои Лахшу Мурғоб ва баъзе тоҷикони мо вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистонро макони зист ихтиёр намудаанд. Дӯстии ин ду миллат аз солҳои истиқлолият ба даст оварданашон қавӣ гашта, то ҳол идома ёфта истодааст. Ҳамкориҳои судманд миёни ин ду миллат ба некӯаҳволии халқҳои ду кишвар мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими дӯстии байни халқҳои тоҷику қирғиз кӯшишҳо намуда истодаанд, ки дӯстии ҳақиқӣ байни ду миллат сароғозу бепоён боша два рафтуомади халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо дӯстии ҳақиқӣ таҳким ёбад. Худованди бузург мардуми оламро ба неъматҳои бешумор мушарраф гардондааст, яке аз неъматҳои бузург бародариву дӯстӣ аст, ки бо ҳар касу ба ҳар давлату миллат муяссар намешавад.

Дӯстӣ мушкилотро бартараф месозад,-мегӯяд Асад Гулзода. Ба сари кор омадани Президенти вазифашинос, замонашинос, донишманд, мардумсолор Шавкат Мирзиёев ба дили ҳамагон умед бахшид, Худо хоҳад мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд ва ба ҳама халқу миллатҳо имкон медиҳанд, ки бо забони модарии худ таҳсил намоянд.

Боиси хурсандист, ки соли 2018 муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳтар гардид, ки ин аз сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳуриҳои якдигар, ки дар маркази таваҷҷуҳи мардуми ду кишвари дӯсту бародар қарор гирифтааст, сарчашма мегирад. Мардуми меҳнаткаши тоҷику ӯзбек аз мулоқоти дӯстонаи ду Сарвари муаззам, созишномаҳои имзошуда, боздид аз намоишгоҳхо, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ изҳори хушнудӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамоновичро сафари таърихӣ ва тақдирсоз арзёбӣ намуданд. Эҳсоси масъулияти бузург ва корҳои амалӣ барои густариши дӯстию ҳамкориии мутақобюилаи мардумони ду кишвари ҳамсоя самараи дилхоҳ доданд, ки ин сафарҳо ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, имзои санадҳои нави меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои тарафайн барои таҳкими дӯстии ояндаи дурахшони ин ду халқ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷаҳони имрӯза кам халқҳоеро ёфтан мумкин аст, ки ин қадар ба ҳамдигар наздику пайванд бошанд ва ҳамдигарро дӯсту бародар дар тӯли асрҳои зиёд робитаҳои наздик доштанд ва махсусан, расму оин, анъанаҳои муштарак, иштирок дар маросимҳои шодиву ғами якдигар ин халқҳоро бо ҳам наздиктар гардониданд. Дуруст аст, ки халқи халқи тоҷик чандин аср боз ба халқи ӯзбеку қирғиз ҳампаҳлӯ зиндагӣ мекунанд. Дар асрҳои ва XX тоҷикон аз ӯзбекону қирғизон ба якдигар духтар ба келинӣ медоданду мегирифтанд, яъне қудо мешуданд ва хунашон ба ҳам бештар омехта мешуданду уруфу одатҳо ва маданияти халқҳо торафт ба ҳамдигар наздик мешуд.

Қарни XXI барои тоҷикону ӯзбекон ва қирғизон бояд қарни умеду орзуҳо, ормонҳои бузурги таърихӣ бошад. Мо ворисони Ҷомиву омиву авоӣ фахр аз он мекунем, ки чунин ситораҳо аз адабиёти ҷаҳонӣ ба башарият равшанӣ медихад. Дар охир гуфтаниам, ки дӯстиву бародарии халқӯзбеку тоҷик рӯз то рӯз мустаҳкам шуда истодааст ва гусастанӣ надорад. Дӯстиву бародарии халқҳои қирғиз низ монандаи ӯзбекҳо боз ҳам мустаҳкамтар шавад, ва якдигарфаҳмию ҳамдигарфаҳмӣ байни сарҳадҳои ноҳияҳои Ботканду Исфара барқарор гардад.

Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8

Абдукарим Иброҳимзода, рӯзномаи «Ҷайҳун»

Дӯстиро эҳё кунем

Бошӣ гар мушкилкушои одамон,

Номи некат пас бимонад дар ҷаҳон.

Дӯстӣ, осудагӣ, оромиро тарғиб кард,

Он замон қадрат бидоранд одамон.

Дӯстиро оқилони некбахтони ҷаҳон,

Васфу ҳадя намуданд ба мо ояндагон.

Панд гирем мардумонро шод кард,

Дӯстиро эҳё намоем ҳар замон.

Маънии дӯстиро бифаҳманд мардумон,

Дарк бештар намоянд ҳама озурдагон.

Чунки буд замоне ҷоҳилӣ зулмот кард,

Донанд эшон ғарибӣ дидаанд ҳар макон.

Дӯстӣ бошад хурсандии пиру ҷавон,

Зеро дӯстӣ биорад ба инсон армуғон.

Маънии дӯстдорӣ меҳри бепоён бувад,

То тавонӣ қадри дӯстонатро бидон.

Гуфтанд донишмандони ҷаҳон,

Қадри дӯстони ҷониро ҳар лаҳза дон.

Дӯстони ҷониро ба қалб эҳсос кард,

Он замон зиндагӣ гардад бехазон.

Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8