Кайҳо собит шудааст, ки пирӯзии ҳар шахс ва комёбии ӯ дар ҳама кор аз одоби ҳамида сахт вобастагӣ дорад. Одобро ҷавҳари ҳастии инсон тавсиф бахшидаанд. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, ки ба тарбияи одоби ҳамида дар мактаб таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир шавад ва барои ин аз методу воситаҳои гуногуну самаровар ба таври васеъ ва мавридшиносона истифода карда шавад. Дар ин самт омӯзгорони имрӯза имконоти зиёде доранд.
Маълум аст, ки одоби ҳамида асоси ҳаёти осоиштаву босаодатонаро ташкил медиҳад. Барои хушодоб ба воя расонидани фарзандон нақши оила хеле муҳим аст. Волидайн бояд худ соҳибмаърифат бошанд, ба тарбияи хуби фарзандон аҳамият диҳанд. Дар ин ҷо заоуо асчт, ки аз ҳамкории мактабу оила ёдовар шавем. Мутаассифона, ҳоло дар аксари мактабҳо ин сустарин камсамартарин ҷанбаи фаъолияти омӯзгорон, махсусан роҳбарони синфҳо гаштааст. Фаромӯш набояд кард, ки омӯзгор то аз волидон, аз муҳити хонаводагӣ ва тартиби рӯзщи хонанда ба таври пурра огоҳӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ дар кори тарбия муваффақ намешавад. Дар тарбияи комилу шоиста ҳамкории нерӯи оила, ҷомеа, мактаб омили ҳалкунанда аст. Агар ин се нерӯи тавоно бо ҳадафи тарбияи ҳамида дар шогирдон якмарому ҳаммақсад нашаванд, бегумон кори тарбия мушобеҳи масали машҳури «Қу, моҳӣ ва харчанг» хоҳад буд. Бо ин ҳама дар ин «сегона» нақши мактаб, омӯзгор ҳалкунанда мебошанд. Беҳуда баъзан мактаброо нимшӯхию нимҷиддӣ «дастгоҳи одамсозӣ» намегӯянд. Аз ҳар хонандаи беодоб бо нафрат мепурсанд, ки «муаллимат кист?». Аз хонандаи боодоб низ чунин суол мекунанд, танҳо бо эҳтироми эътиқоди таҳсин омӯзгорро мебояд, ки оид ба самтҳои корҳои тарбиявӣ, аз ҷумла, тарбияи одоби ҳамида дар хонандагон маълумот ва маҳорату малакаи комил дошта бошад. Омӯзгори тоҷик хушбахт аст, ки барои муваффақона роҳандозӣ намудани корҳои тарбиявӣ, махсусан тарбияи одоби ҳамида рӯи даст асарҳои беназиру безаволе чун «Андарзномаи устод Рӯдакӣ», «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус» «Гулистон»-у Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ», «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ дорад.
Бояд зикр кард, ки тарбияи одоби ҳамида бо навъҳи дигари тарбия амсоли тарбияи меҳанпарастӣ, тарбияи башардӯстӣ алоқаю ҳамбастагии қавӣ дорад. Ин хусусияти умдаи тарбияи одоби ҳамидаро бояд омӯзгор дар фаъолияти хеш ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Ҳангоме, ки шогирдон аз ҷиънавӣ обутобёфтаву комил ба камол мерасанд, онҳо ҳеҷ гоҳ ба кирдори ношоиста, ба дуздию қаллобӣ, дурӯғу фиреб, танбалию коргурезӣ, хиёнату ҷаҳолат роҳ намедиҳанд ва поквиҷдони, ҳалолкорӣ, дӯстию рафоқат, ростию накӯкорӣ, ҷавонмардиву саховатро шиори фаъолияти худ қарор медиҳад.
Пешвои миллатамон, ки ояндаи дурахшони ватанамонро ба насли соҳибфазлу соҳибдониш мансуб медонад, то Тоҷикистони соҳибистиқлоламон аз файзу ранҷи меҳнати онҳо нурафшон шгаваду ин кишвари обуду зебоямон боз ҳам гулнулшукуфон гардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин таъкид карда буд: «Ҳар яки мову шуморо падару модарони азиз, лозим аст, ки фарзандонро ба роҳи дуруст, амалу анҷоми хайру савоб, омӯзиши илму ҳунар ва аз худ кардани технологияи муосир, фаъолона иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистони азиз ҳидоят намоям. Ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии мову шумо аст.
Мо ҳам амали некеро, ки ба шукронаи Истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин давлат ва ин Ватан аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад. Пас бояд кӯшид, ки Ватан аз ин ҳам зебову обод гардад».
Барои ин фаъолияти босамари мактаб, фаъолияти бовусъати омӯзгорон, роҳбарони синф омили муҳим маҳсуб меёбанд. Месазад, ки ин мавзӯъ ҳам дар ҳама гунна таълимгоҳҳо ва ҳам дар тамоми воситаҳои ахбори умум мавриди баҳсу баррасии васею бардавом ва судмандқарор дошта бошад.
Ақли комил аз Худо дорем талаб!
Ҳусни инсон адаб бошад бидон,
Беадаб гумроҳу ҷоҳил ҳар замон.
Ҳар кӣ ғофил шуд аз лутфи Раб,
Бошад ӯ дар пайравии аҳли тараб.
Кас бувад агар ҳалиму меҳрубон,
Мекунад фикри худу ҳам дигарон.
Ҳар кӣ дид айби касону накшод лаб,
Пас макун аз ин касон имон талаб.
Бикӯш, то бошӣ ҳамнишини орифон,
Ризқи ту гардад чу ҷуйборҳо равон.
Маърифат одоби нағз кун интихоб,
Зиндагӣ бо нашъунамое дарбиёб.
Хулқи хуб пайдо кунӣ аз муаллимон,
Заҳмати устодонат аз хурдӣ дон!
Дур бош аз кирдори фарди қаллоб,
Суҳбати ин шахс биёрад изтироб.
Ҳусни одам одоб аст, лутфу эҳсон,
То битвонӣ инро омӯз аз дигарон.
Адлуц инсоф бояд эҳсос кард қалб,
Ақли комил аз Худо дорем талаб!
Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8
Муносибати босалоҳият ба таълим ва талаботи замон
Ин низоми нави таълимро, ки чанд соли охир дар соҳаи маориф пиёда мегардад, Печутоби замон ба риштаи баҳсу таҳлил кашид.
Ақлҳоро мар ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Татбиқи ислоҳоти мундариҷа ва муносибати таълим дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки яке аз нақшаҳои муҳим ва мураккаби «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020» маҳсуб меёбад, аз ибтидои соли таҳсили 2016 — 2017 оғоз гардид. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷат ва адабиёти методиро барои ислоҳот таҳия, нашр ва дастрас гардонид, ки дар асоси он омӯзгорон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим аслан падидаи нав нест. Он ҳанӯз дар оғози рушди бонизоми назарияҳои илмии педагогӣ ба вуҷуд омада, давраҳои гуногун дар бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шудааст. Он омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулҳои замонавии таълиму тарбия хонандагонро ҳаматарафа ба зиндагӣ омода намоянд. Зеро ҷомеаи имрӯза аз мактабу маориф шогирдони ботаҷриба, дорои қобилияти ҳалли проблемаҳои мураккаби ҳаётӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнатро тақозо дорад. Ҳамчунин, дар шароити талаботи бозори меҳнати рушдёбанда ва муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра афзудани китобхонаҳои электронӣ, адабиёти тозанашр, шабакаҳои интернетӣ, радио, телевизион ва дигар расонаҳои иттилоотӣ, мусаллаҳ будани хонанда танҳо ба дониши ба истилоҳ «академӣ» (назариявӣ) кифоя набуда, таваҷҷуҳи бештар ба татбиқ ва истифодаи он дар амал, дар зиндагии рӯзмарра яке аз муҳимтарин роҳҳои иҷтимоишавии кӯдакон ва ноил гардидани онҳо ба натиҷаҳои ниҳоӣ арзёбӣ мегардад.
Муносибати босалоҳиятро мутобиқшавӣ ба шароиту талаботи замони имрӯза ва меъёру талаботҳои байналхалқӣ ҳисобиданд. Дар синф ҳамкории талаба ва омӯзгор дар асоси боварӣ ба роҳ монда шудааст ва онҳо аз рӯи салоҳияти худ кор мекунад. Оё омӯзгор ва толибилм моҳияти салоҳиятнокиро пурра дарк карда метавонанд?
Муносибати босалоҳият ба таълим дар шароити муосир аслан масъалаи нав нест, он ҳанӯз дар сароғози рушди бонизоми назарияҳои илми педагогӣ ба вуҷуд омада буд. Дар давраҳои гуногуни инкишофи ин соҳа дар кишварҳои гуногуни олам дар таълифоти ҷудогонаи олимон таъкид мегардид. Мафҳуми салоҳият дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» – лоиқ будан, сазовор будан, шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст. Дар таълими босалоҳият диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ, вазифавӣ) равона мешавад. Донистан ё дониш дар таълими босалоҳият ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, бо намуна муқоиса кардан ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад. Салоҳиятнокӣ натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст. Зеро бо пешрафти ҷомеа, истифодаи техника ва технологияи навин ҳар як шахсро лозим аст, ки ҳамқадами замон бошад, дониши давраи мактабхониашро дар амал татбиқ карда тавонад.
Дар шароити имрӯза вобаста ба тағйирёбии доимии талаботи бозори меҳнат нисбат ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фақат дорои дониш будан кифоя нест. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар пайваста кӯшиш менамоянд, ки низому равиши таълимро ба талаботи замон ва дурнамои рушди мамлакат мутобиқ намуда, тадбирҳои муайяну мушаххасро амалӣ гардонанд. Ба тасвиб расидан ва андешидани чораҳои татбиқи «Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020», ки дар он ҷорӣ намудани низоми таълими салоҳиятнокӣ (НТС) пешбинӣ гардидааст, бозгӯи равшани он мебошад.
Дар ин санади хеле муҳиму саривақтии соҳа вобаста ба таъмин намудани соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёт бо кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ва идоракунии сатҳи миёна, аз ҷумла, зикр шудааст: «Зарур аст, ки навъҳои мухталифи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия гардида, онҳо ҳарчӣ бештар ба ташаккули салоҳияти касбӣ равона карда шаванд». Дар баробари ба тасвиб расидани санади мазкур ва хусусан, вақтҳои охир дар саҳифаҳои матбуоти соҳавӣ ва ҳатто берун аз он оид ба низоми нави маориф ақидаҳои мухталифи олимону мутахассисони соҳа рӯи чопро диданд. Инчунин, дар суҳбатҳои ихтисосӣ ақидаҳое баён карда мешаванд, ки аз комилан пуштибонӣ кардан то пурра қабул надоштани онро дар бар мегиранд. Ин табиист. Ягон навоварӣ дар оғоз сад дар сад тарафдор надошт ва надорад.
Ҳангоми маънидод кардани мазмуну муҳтавои ин ё он истилоҳи ба низоми нави таълим тааллуқдошта, ба ҳадди аксар риоя кардани эҳтиёткорӣ амрест ногузир, чунки дар ҳолати роҳ додан ба иштибоҳ новобаста аз сабаби сар задани он беихтиёр эътибори низоми навро костан мумкин аст. Хусусан, дар низоми таълим, ки иштибоҳи интишоршуда сироятӣ буда, ислоҳи он вақти дурударозро тақозо мекунад. Азбаски дар тамоми давраи таҳсилу зиндагӣ инсон бо яке аз мушкилтарин вазифаҳо-қабули қарорҳои ба мақсад мувофиқ оид ба ин ё он масъла сару кор дорад, низоми нави таълим пеш аз ҳама, бояд аз худ намудани ана ҳамин салоҳиятро таъмин намояд. Моҳиятан қабули қарор ин интихоб аст. Модоме, ки қарорҳо ба пешравӣ дар касби шахс таъин шудаанд, онҳо аз тарафи шахси алоҳида қабул карда мешаванд. Пас НТС ба ҳар як таълимгиранда дар алоҳидагӣ нигаронида шудааст. Албатта, ба ҳадди аксар дарк намуда, фаҳмидани масъалаҳои мушкили касбӣ дар натиҷаи таҷрибаи бисёрсола ҳосил мегардад, аммо вуҷуд доштани ташаббуси эҷодкорона дар фаъолияти корӣ аз ақлу заковат ва сифатҳои шахсии хонандаи оянда вобаста аст. Бо вуҷуди ин, вобаста ба сатҳи дониши ба муассисаҳои таълимии ноҳия қабулшудагон, ба онҳо дар аксар ҳолатҳо дарк кардану истифода бурда тавонистани тавоноии зеҳнӣ ва рушд додани онро омӯзондан лозим аст.
Мақсади асосии татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ба ташаккули механизми татбиқи дониши назариявӣ дар амал таъмини раванди ташаккули шахсӣ, мутобиқ гардидан ба шароити нав, инкишофи худмуҳофизаткунӣ, худтарбиядиҳӣ, худтакмилдиҳӣ ва дигар хусусиятҳое нигаронида шудааст, ки ба рушди шахсияти комил дар самтҳои ҷӯстуҷӯи дастҷамъона ва фардии дарёфти роҳҳои рушди салоҳиятҳои ҳалли проблемаҳои фаъолияти таълимӣ, дарки сабабҳои рӯйдодҳои воқеии ҳаётӣ, моҳияти ҳодисаҳои табиат ва робитаи байниҳамии онҳо, омода намудани хонандагон ба дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои асосии ҳаётӣ, омӯзиши роҳҳои равона намудани фаъолияти хонандагон ба дунёи арзишҳои маънавӣ, омӯзонидани роҳҳои ҳалли проблемаҳои алоқаманд бо амалигардонии масъалаҳои муайяни иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои интихоби касб ва ғайра мусоидат менамоянд. Инчунин, мақсади асосии муассисаи таълимӣ дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим пеш аз ҳама, таъмини рушди тафаккур ва амалиёти ба он нигаронидашудаи самарабахши хонандагон дар раванди таълим мебошад.
Рушди тафаккур асосан тавассути амалҳои муҳимтарини фаъолият, аз ҷумла, фаъолиятҳои таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ, созандагӣ, идоракунӣ ва амсоли онҳо амалӣ гардида, ба худмуайянкунии шахсият мусоидат менамояд. Муҳимтарин шарти раҳоӣ ёфтан аз мушкилот дар ҷаҳони муосир доштани маълумот оид ба методи илмии дарки олам ва рушди тафаккури таҳқиқотӣ мебошад. Ҷӯстуҷӯи далелҳо аз муҳити атроф, таҳлил ва муқоиса намудани онҳо дар ҳар як инсон новобаста аз касб бояд дар сатҳи зарурӣ маълумот дода тавонад. Он пеш аз ҳама, тавассути омӯзиш ва истифодаи технологияи нави педагогӣ, бахусус, дар самти дарк ва татбиқи натиҷаҳои дониши назариявӣ ба даст меояд. Хонандаи босалоҳият хонандаест, ки маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати дар раванди таълим омӯхтаро дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мебарад ва амалро мустақилона бо сифати хуб ва боварии комил иҷро мекунад. Cалоҳиятнокӣ қобилияти маҷмӯии инсон буда, барои мустақилона истифода бурдани унсурҳои мухталифи дониш, малакаю маҳорат ва усули фаъолият дар вазъиятҳои муайян (таълимӣ, инфиродӣ, касбӣ) равона мегардад.
Андешаҳое ҳастанд, ки муносибати босалоҳият на дар дохили низоми таълим ба вуҷуд омада, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст, балки ҷавобе ба талаботи мушаххаси доираи касбӣ будааст. Мафҳумҳои «салоҳият» ва «салоҳиятҳои калидӣ» дар алоқамандӣ бо муаммоҳои муайян кардани сифатҳои шахсони касбии муваффақ дар соҳаи соҳибкорӣ дар Ғарб аз солҳои 60-70-уми асри гузашта истифода шуда истодааст. Дар ибтидо салоҳиятҳо бо донишу малакаҳои ихтисосии касбӣ муқобил гузошта шуда, ҳамчун ҷузъи яксони мустақили дилхоҳ фаъолияти касбии муваффақ дониста мешуданд. Дар натиҷа саволе ба вуҷуд омад, ки оё салоҳиятҳоро омӯзонидан мумкин аст? Ҳамин тариқ, масъалаи салоҳият ба низоми таҳсилот ворид гардида, дар ин соҳа тадриҷан ҷои пешбарро ишғол кард. Воситаи муносибе, ки ба самаранокии таълим ва рушд ёфтани қобилияти фикрронии эҷодкоронаи хонандагонро мусоидат мекунад. Ин имкон медиҳад, ки арзёбии самаранокии НТС амалӣ карда шавад. Нуктаҳои мазкур дарсҳои амалиро дар таълими забону адабиёт ҳамчун намунаи унсурҳои фаъолияти касбии минбаъдаи хонандагони муассисаҳои таълими ноҳия нишон медиҳад, ки принсипи асосии НТС мебошад.
Дар раванди муносибати босалоҳият дар таълим диққати асосӣ ба рушди салоҳиятҳои хонанда ё ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ, функсионалӣ) равона мегардад. Аз нуқтаи назари педагогӣ ҳамчун натиҷаи таълими самарабахш арзёбӣ гардида, шахс дар раванди он ба маҷмӯи салоҳиятҳои амалӣ ноил мегардад. Ҳар як салоҳияти мушаххас (масалан, иттилоотӣ ё озмоишӣ) маҷмӯи мураккаби амалҳост, ки ҳамгироии дониш ва татбиқи онро дар назар дорад. Дониш дар муносибати босалоҳият дар таълим ҷузъи таркибии малака маҳсуб ёфта, барои санҷиш, муқоиса бо намуна, ислоҳи ғалатҳо, пешниҳоди ҷавобҳои муътамад истифода бурда мешавад. Бартарии асосии муносибати босалоҳият дар таълим имконияти омодагии хатмкунандаи мактаб ба иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳун тибқи муқаррарот бояд салоҳияти омодагӣ ба ҳалли мушкилот, фаъолияти мустақилонаи маърифатӣ, истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ, хизмати Ватан, худтакмилдиҳӣ, худмуайянкунӣ, худомӯзӣ ва ғайраро дошта бошад.
Пас дар ташаккули салоҳиятнокии хонанда муносибати босалоҳият дар таълим ба зинаи аввал бароварда мешавад. Дар раванди таълими ҳар як фан албатта рушди салоҳиятҳои хоси фаннӣ, умумифаннӣ дар назар дошта мешавад. Масалан, ҳангоми таълими мавзӯи мушаххас аз фанни математика, биология ё адабиёт дар хонанда малакаҳоеро инкишоф додан мумкин аст, ки ба одоби муошират, муносибат, инсондӯстӣ ё тарзи рафтор дар лаҳзаҳои алоҳидаи ҳаёт ва фаъолият равона шудаанд. Муносибати босалоҳият дар таълим маҷмӯи принсипҳои умумии таълим, ташкили раванд ва баррасии натиҷаҳои он мебошад. Татбиқи он дар таълим навсозии мақсад ва натиҷаҳо, мундариҷа ва методика (технология)-и таълимро пешбинӣ менамояд. Натиҷаҳои асосии татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ҳамчун такмили қобилиятҳои зарурии хонандагон дар истифодаи маҷмӯи салоҳиятҳо (бо ҳавасмандӣ ва масъулияти баланд) барои ҳалли масъалаҳои сершумор пазируфта мешавад. Тавре ки маълум аст, вазифаи ҳар як фанни таълимӣ дар баробари инкишоф ва рушди системаи дониш, малака ва маҳорати фаннӣ, инчунин ташаккул додани малакаву маҳоратҳои умумифаннӣ низ мебошад.
Муносибати босалоҳият дар таълим тибқи фаҳмиши васеъ натиҷаи таҳсилот арзёбӣ гардида, дигар натиҷаҳои таълимро низ фаро мегирад. Хонандаи босалоҳият барои расидан ба мақсад ҳам захираҳои дохилӣ-дониш, маҳорат, малака, низоми арзишҳо, меъёр, муносибат, сабаб ва ҳам захираҳои беруна-манбаи маълумот, воситаҳои иртиботӣ (коммуникатсионӣ), воситаҳои моддӣ-техникӣ ва ғайраро сафарбар менамояд. Дарсҳо дар таълими шарҳӣ-аёнӣ мувофиқи қолабҳои мушаххас ба нақша гирифта мешаванд. Дарс марҳалаҳои гуногунро фаро гирифта, фаъолияти омӯзгору хонандагон дар он дарҷ мешаванд. Вазифаҳои асосии таълими босалоҳият аз он иборат аст, ки ҷараёни таълимиву маърифат дар хонандагон хусусияти тазаккурӣ доштани таълимро ташаккул медиҳад. Яъне, хонандагон шунидан, хондан ва бозгӯӣ, ё дар асоси намунаҳо, қоидаҳо иҷро кардани мисолу масъаларо ҳамчун фаъолияти асосии маърифатӣ ҳисоб мекунанд. Дар таълими босалоҳият раванди ташаккули салоҳиятҳо вақт ва муносибати мураккабро талаб мекунад. Дар муқоиса бо низоми таълими ба дониш асос ёфта, ки хусусияти тазаккурӣ дорад, шакли нави иҷрои амалҳои дараҷаҳои гуногуни мураккаб ва давомнокии мухталифдоштаро талаб мекунад. Масалан, барои ташаккули салоҳияти «Хонанда андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохтор ва услубашон гуногун менависад» хонанда бояд оид ба сохтори матн (мактуб, ҳикоя, гузориш, мақола ва амсоли он), сарфу наҳви забони тоҷикӣ, услубҳои нутқ дониши мукаммал дошта, тарзи баёни ақидаи худро дар сохтори муайяни матн машқ кунад, мустақилона нависад, матни эҷодкардаашро арзёбӣ кунад ва таҷдиду такмил диҳад. Оё ин салоҳиятро дар 1, 2 ё 10 соати дарсӣ ташаккул додан мумкин аст? Оё ин салоҳиятро ҳамаи хонандагони синф дар як вақт аз худ мекунанд? Маҳз барои ҳамин дар низоми таълими босалоҳият раванди таълим усул, муносибат ва воситаҳои гуногун ва мухталифро тақозо мекунад. Фарқ дар он аст, ки дар таълими босалоҳият дониш, малака ва маҳорат тавъам нишон дода мешаванд. Яъне, дар шакли ниҳоӣ ва амалии дониш, малака ва маҳорат (салоҳиятҳо) таҷассум меёбанд. Ҳаҷман дар таълими анъанавии ба дониш асосёфта, тартиби мантиқӣ, пайдарҳамии мавзӯъҳо дуруст пешниҳод шуда бошанд ҳам, раванд ва натиҷаҳои таълим ба қисмҳои хурд ва дар доираи вақт маҳдуд инъикос меёбанд. Дар таълими босалоҳият қолаби ниҳоӣ (натиҷаи ниҳоӣ) дар шакли том нишон дода мешавад, ки он ҳам ҷиҳати амалии дониш, малака ва маҳорат аст.
Яке аз талаботи муносибати салоҳиятнок ба таълим ташкил намудани шароит барои худбаҳодиҳӣ ва худназоратии хонандагон аст. Барои ташаккули малакаҳои мазкур машғулияти махсусе пешбинӣ шудааст, ки хонандагон имконияти аз худ кардани технологияи ташкили портфолиоро меомӯзанд. Меъёрҳои арзёбӣ ба кори хонанда дар ин самт чун қоида якҷоя бо хонанда муайян карда мешавад, аммо аз ҷониби омӯзгор низ пешниҳод шуданаш ҳам мумкин аст. Дар ҳар сурат тавсия дода мешавад, ки ба сифати меъёрҳо нуктаҳои зерин ба назар гирифта шаванд: мавҷудияти фасл ва хулосаҳои ҳатмӣ; истифодаи методҳои таҳқиқотии кор; хусусияти лоиҳавии портфолио; «таассуроти шахсӣ» ба мазмун; сифати ороиш; таҳлили манфиатбахшии портфолио барои худи хонанда мебошад.
Маориф дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин, маҳаки соҳибфарҳангӣ ва соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа аст. Кушоиш ва раҳоиш дар тамоми ҷабҳаҳои кору зиндагӣ ба низому суботи он алоқаманд мегардад. Ҳамин аст, ки ҳамеша дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа, муайян намудани самти ояндаи инкишоф бардӯши маориф бор аст ва масъулияти ҳамин сохтор ба шумор меравад. Дар ҷаҳони имрӯза ягон ҷомеаи мутамаддинро ном бурдан мумкин нест, ки аз мушкилоти соҳаи маориф фориғ бошад. Аз ин рӯ, андешае, ки мушкилоти маориф кай ҳал мешуда бошад, саволест беҷавоб. Аммо мутахассисон, муҳаққиқон, махсусан омӯзгорони асил пайваста дар андешаи онанд, ки шогирдони мактабро ҳар қадар омодатар ба зиндагии мустақилона равона созанд. Аз давраи пайдоиши соҳаи маориф ҳамчун низом, масъалаи қонеъ кардани талаботи ҷомеа бо дониши мактабӣ мушкилоти ҳамешагӣ ва аввалиндараҷаи ин соҳа будааст.
Бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи мазкур гузариш ба муносибати ба салоҳиятнокӣ асосёфта ва татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қабл аз ҳама, фароҳам сохтани шароити муайян барои чунин муносибат тақозо карда мешавад. Ин шароит омода сохтани заминаи моддию техникӣ, кадрӣ, махзани мавод ва маълумоти таълимию илмӣ, таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ, такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорон ва ғайраро талаб мекунад. Ба андешаи мо, дар ин самт бояд кор аз амалисозии марҳилаи фаъолиятҳо дар самтҳои дар поин нишондодашуда оғоз гардида, минбаъд бо амалӣ сохтани тадбирҳои дигари ба таври мантиқӣ бо онҳо алоқаманд идома дода шавад. Дар марҳилаи дигари гузариш ба таҳсилоти босалоҳият зарурати таҳия ва тасдиқи силлабусҳо (барномаҳои таълимӣ) мувофиқи талаботи таҳсилоти босалоҳият аз рӯи тамоми фанҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳун таълим дода мешаванд, ба миён меояд. Зимни ин таҳияи силлабусҳо бо нишондоди салоҳиятҳои умумифаннӣ талаботи тамоми фанҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти минаи умумӣ таълим дода ва дар сатҳи раёсат (шуъба)-и таълимии муассисаҳо ва баъдан тасдиқи онҳо дар сатҳи муассисаҳо зарурат дорад.
Вобаста ба амалисозии гузариш дар ин марҳила қобили таъкид аст, ки салоҳиятнокӣ тибқи барномаи таълимӣ (силлабус) аз фанни таълимӣ, дар муқаддимаи барнома, силлабуси фан зикр карда мешавад. Онҳоро шартан салоҳиятҳои фаннӣ ё умумифаннӣ номидан мумкин аст, ки метавонанд чунин салоҳиятҳои ташаккулёбандаро фаро гиранд: салоҳиятҳои инструменталӣ, салоҳиятҳои муносибати байнифардӣ, салоҳиятҳои системавӣ, салоҳиятҳои фаннӣ мебошад, ки аз ин лиҳоз дар ноҳияи Ҷайҳун барои фанҳои таълимӣ кадрҳои баландихтисос лозим мебошад. Талаботи хонандаи имрӯзаро аз зиракии он бояд пай бурд, ки барои қонеъ кардани дониши хонанда бо усули босалоҳият маҳорату малакаи баланди касби омӯзгорон лозим меояд. Агар омӯзгор дорои дониши васеъи педагогӣ дошта бошад, хонандагонро бо ин гуна усулҳои навини таълим қонеъ карда метавонад. Моро зарур аст, ки омӯзиши муносибати босалоҳиятро новобаста аз лиҳози талаботи замон барои пешрафти ҷомеаи имрӯза фарротар биорем. Дар ноҳия нарасидани кадрҳои баландихтисос, технологияи муосир ва мизу курсии синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ба таълими муносибати босалоҳият бетаъсир намегузорад. Бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои аввал гузоштан пешрафти рушди маориф ҳалли худро меёбанд.
Хулоса, ҳадафи асосии муносибати босалоҳият дар таълим ташаккул ва рушди малакаву маҳоратҳои истифодаи донишҳои азхудшуда дар амал ва дар зиндагӣ аст. Он на танҳо ба андӯхтани донишҳои зарурӣ, балки ба ташаккули шахсияти мустақил, ки метавонад дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо кунад, равона гардидааст ва ба муносибати эҷодкорона такя мекунад. Муҳимтарин ҷанбаҳои муносибати босалоҳият дар таълим ва роҳу равишҳои татбиқи он бо дарназардошти шароити воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ва фаъолияти амалиро тақозо мекунад.
Нурулло Қурбонов, омӯзгори муассисаи таълимии №10