“ПУРЗӮР НАМУДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО МАҚСАДИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС “COVID-19”

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А. ва ҳамзамон тибқи Нақша – чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва аврзиши ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати пурзӯр намудани гурӯҳҳои корӣ дар самти пешгирӣ аз паҳншавии авҷи дуюми бемории сироятии коронавирус “COVID-19” аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо дигар бахшҳои дахлдори ноҳия дар миёни сокинон ва ҷойҳои серодам оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар рафти аксияи мазкур масъулин аз сокинон эҳтиромона даъват ба амал оварданд, ки аз ниқоби тиббӣ ба таври ҷиддӣ истифода намуда, нисбати гигиенаи шахсӣ бетарафӣ зоҳир накунанд.