Month: August 2020
“Ҷавонон, Паём ва Манфиатҳои миллӣ”
Сурат гузориш аз рафти мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонон дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, хониши сиёсӣ ва пешгирии бемориҳо сироятӣ тозаву озода нигоҳ доштани гигиенаи шахси таҳти унвони “Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ” дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ Озоди-2 доир гардид.
Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ва наврасон ба машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ таҳти шиори (Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст) дар варзишгоҳи маркази бо иштироки наврасону ҷавонон субҳи имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия машқи пагоҳирӯзи багузор гардид.
“ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАБИБОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН”
Имрӯз, 20 август, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А. бо кормандони соҳаи тибби ноҳия ба муносибати Иди касбии табибон баргузор гардид. Раиси ноҳия зимни суханронии худ дар ин вохӯрӣ қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу…
Тренинги омӯзиши оиди «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» доир гардид.
Имрӯз бо иштироки Сардори раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидов Султоншо ва мушовири Маркази машваратии Барномаи рушди СММ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Зокир тренинги омӯзиши оиди «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» доир гардид. Тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (лоиҳаи LITACA)-и дафтари кории…
Семенари омӯзиш бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, интизоми иҷро, муроҷиати шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, интизоми иҷро, муроҷиати шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риояи муҳлати иҷро, сари вақт ташкили муросилоти ҳуҷатҳо ва пешниҳод намудани ахбор оид ба иҷрои асноди назоратӣ ва иҷрои талаботи дастурамали коргузорӣ навобаста аз он, ки аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят семенарҳои омӯзишӣ ва ёрии амалӣ расонида шуд. Дар…
Чаро духтарон нахонанд? Сарнавиши ояндаи кӯдак дар дасти модар аст. (Наполеон).
Дар баъзе аз деҳоти Тоҷикистон волидайн сади роҳи идомаи таҳсили духтаронашон дар синфҳои 10-11 мешаванд, ки боиси нигарогнӣ аст. Зеро духтаргони деҳот низ модарони ояндаанд ва бояд фарзандонеро ба воя расонанд, ки дар ин ҷаҳони пурталотум ва пешрафтаи садаи XXI зиндагӣ ба сар баранд. Аммо модари бесавод ё камсавод намеетавонад фарзанди худро барои зиндагии шоста дар ин ҷаҳони саропо рақобат…
ҲУСН ҲУСН НЕСТ, ОДОБ ҲУСН АСТ
Кайҳо собит шудааст, ки пирӯзии ҳар шахс ва комёбии ӯ дар ҳама кор аз одоби ҳамида сахт вобастагӣ дорад. Одобро ҷавҳари ҳастии инсон тавсиф бахшидаанд. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, ки ба тарбияи одоби ҳамида дар мактаб таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир шавад ва барои ин аз методу воситаҳои гуногуну самаровар ба таври васеъ ва мавридшиносона истифода карда шавад. Дар ин…
«Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо…»
Солҳои навадуми сари гузашта Тоҷикистон душвориҳои сангинро паси сар карда, аз ҳолати нобудӣ наҷот ёфт. Хусусан бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ ба даст омад, ки бо шарофату пойдории амну субот имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон осудаҳолона умр ба сар бурда истодаанд. Таъмину оромии амният ва ободии Ватан…
“ОҒОЗИ СОЛИ ХОНИШИ 2020-2021”
Имрӯз раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Ш. Шоҳтемур ноҳия устодону шогирдонро ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави 2020-2021 табрик гуфтанд. Таъкид карданд, ки мақомоти дахлдор, алалхусус кормандони соҳаи маориф дар соли нави таҳсил вобаста ба вазъи бемориҳои сироятӣ бояд ба масъалаҳои безараргардонии муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои…
“ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ ХУРУҶӢ МАРҲИЛАИ 2-ЮМИ БЕМОРИИ “COVID-19″ ҲИФЗ НАМО”
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгири аз бемории сироятии (СOVID- 19), корҳои ташвиқотию тарғиботӣ идома дорад. Дар ин замина, тибқи Нақша- чорабинии дохили идоравии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аксияи иттилоотӣ насб намудани варақаҳои иттилоотӣ насб намудан дар ҷойҳои серодам насб карда шуд. Дар рафти иқдоми…