АНДЕША: Истиқлолияти баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию созандагӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тeли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардeстона хидмат кардааст.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрeзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сeи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омeзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи E иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рeзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барeманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрeз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Душвортарин муаммои Xумҳурии Тоxикистон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият бо ташаббуси бевоситаи Президенти Xумҳурии Тоxикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегии давлат яъне «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ” ва “Таъмини амнияти озуқаворӣ”-ро муайян ва қабул намуд.
Воқеан ҳам рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз барои истифодаи имкониятҳои берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, бояд саъй кард.
Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, ин бунёд ва ба истифода додани нерeгоҳи барқӣ-обии «Сангтeда-1», нерeгоҳи барқӣ-обии «Сангтeда-2», хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афғонистон, ба истифода дода шудани агрегати якуми нерeгоҳи барқӣ-обии “Роғун”, таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ амалӣ гаштанд ва гардида истодаанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Ба мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷӯҳи хосса равона шуда истодааст. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад. Дар маҷмӯъ, дар ин давра зиёда аз 4200 км хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, 720 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддати аз 110 кВ зиёд, сохта ба истифода дода шуданд.
Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдиду бозсозии нерeгоҳи барқӣ-обии Варзоб-1», «Таҷдиду бозсозии гидроагрегати №4 нерeгоҳи барқӣ-обии Сарбанд» ва «Иваз намудани дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220кВ дар нерeгоҳи барқӣ-обии Норак», ба маблағи умумии 350 млн. сомонӣ ба анҷом расида, иншоотҳои мазкур ба истифода дода шуданд.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори се ҳадафи стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад.
Ба мақсади расидан ба ин ҳадафи миллии Стратегӣ бо ташаббуси дурандешонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншоотҳои нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва ё идома доранд. Аз ҷумла, нақбҳои автомобигарди «Шаршар», «Чормағзак» ва «Шаҳристон» ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷодаи «Душанбе-Бӯстон-Чанак», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош», «Душанбе-Данғара» ба анҷом расид. Сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, пули мошингарди «Дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, масирҳои автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Қурғонтеппа-Дӯстӣ ва дигар роҳҳои мошингард дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо xалби сармояи хориxӣ сохта мешаванд. Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо имкон дод, ки рафтуомади аҳолӣ ва ҳамлу нақли бор, таъмини бозорҳо бо мол хеле беҳтар шуда, вобастагӣ аз он роҳҳое, ки минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриро тавассути кишварҳои ҳамсоя мепайвастанд, аз байн равад ва табодули мол бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёбад.
Бояд гуфт, ки амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди кишвар ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои минтақа имкониятҳои зиёд фароҳам оварданд. Барои иртибот бо Афғонистон шаш пул дар дарёи Панҷ сохта шуд, ки тавассути онҳо рафтуомад ва тиҷорат хеле афзоиш ёфт.
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст. Барои расидан ба ин ҳадафи Стратегии давлат бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонони кишвар додани заминҳои кишоварзӣ, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ гаштанд.
Ба ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд. Вобаста ба таъмини ҳадафи сеюм як нуктаи муҳимро Роҳбари давлат Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 25 апрели соли 2008 равшан зикр намуда буд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Воқеан дар бисёр ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва уствории рушди хоҷагии қишлоқ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи Маҷмeи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд.
Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ қабул намуддаст, ки маъмултарини он “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадафи худ равона гардидааст.
Бинобар ин моро зарур аст, ки Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри рушду нумeи Тоҷикистони азиз азму суббот нерeи зеҳнӣ ва қобилияти ақлонии худро равона созем.
Сабурзода Насим Маҳмадулло – Узви ҲХДТ дар
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун