«Даҳсолаҳо лозим мешавад, ки то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷашаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи кишварамон ҳисороти зиёди молию ҷонӣ овард. Халқи азияткашида ноумед дар ҳар тараф сарсону парешон буд.
Дар он шабурӯзмо низ дар қатори дигар гурезаҳо дар яке аз деҳаҳои дурдасти Бадахшон қарор доштем. Ҳарчанд мактабхон бошам ҳам, пайваста хабару навигариҳоро пайгирӣ менамудам, то аз вазъи сиёсии ҷумҳурӣ маълумот гирем. Он бегоҳ то ҳол дар хаёлам нақш бастааст. Бегоҳе, ки ба воситаи шабакаи Россия Иҷлосияи ХУ1 тақдирсозро, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд, тамошо кардем.
Суханронии Ҷаноби Олїро гӯш мекардаму бовариям намеомад, ки мо ба хонаамон бар мегардему боз ба дидори ҳаққу ҳамсояҳо ва дӯстонам мерасам.
Басорамзист, ки дар арафаи 9-уми сентябри соли 1993 ба ноҳия омадем. Баро бари аз автобус фаромадан ҳама хокизаминро гирифта ба дидаҳо мемолидем. Хурсандии моро ҳаддуканор набуд. Ҳеҷ бовар надошем, ки боз дар зодгоҳамон қарордорем. Чун вазъияти баъди ҷангӣ ба ҳамагон маълумаст. Мағозаҳо холӣ, корхонаҳо аз корбозистодабуданд. Шабидароз навбати нон меистодем, аммо аксари вақт бе нон ба хона бар мегаштем. Ба ҷои нониганду мӣзағораву сабус истеъмол мекардем. На либоси мактабӣ доштему на ашёи хониш, лекин ташнаи илму дониш будем.
Зиндагӣ ба маҷрои аввалаш баргашт. Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдат, миллї Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисотон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқу давлатро ба сӯи озодию ободӣ мебурд…
Инак 28 сол гузашт аз он рӯзҳои пурдаҳшату тира, он захму ҷароҳатҳо шифоёфтанд, дар ҳар як хонавода сулҳу оромӣ ҳукмронаст.
Хушбахтона имрӯзҳо мамлакатамон ба як кишвари зебою назаррабо табдил ёфтааст. Тамоми соҳаҳои ҷомеа дар инкифошу тараққӣ мебошад. Ҳоло навбати он аст, ки мо ҳамчун омӯзгор насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи сулҳу суботи ин кишвари биҳиштосо тарбия намоем. Ба сарвари ғамхору дурандешамон аз забони шоире гуфтанием:
Бод даври давлатат эмин зиҷаври рӯзгор,
То багирди хоки сокиносмондаврон кунад.
Ноёфтова Гулхотун, омӯзгори МТМУ
№1 –и ноҳияи Ҷайҳун