- Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда мешаванд.
- Раис, муовини раис ва аъзои Комиссия бо асосҳои зерин пеш аз муҳлат бозхонд карда мешаванд:
– ариза дар бораи бо хоҳиши худ даст кашидан аз узвият;
– қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;
– барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан;
– мувофиқат накардан ба талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур;
– эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ;
– бо қарори суд бедарак ғоибшуда ё фавтида эълон гардидани ӯ;
– бе сабабҳои узрнок иштирок накардан дар ҷаласаҳои Комиссия;
– иштирок кардан дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ва масъалаи дар раъйпурсӣ гузошташуда, инчунин ошкор гардидани ғаразнокии ӯ дар масъалаҳои баррасишаванда;
– бо сабаби вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигари узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) уҳдадориҳои худро иҷро накардани ӯ;
– риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– бо сабаби ба кори дигар гузаштан;
– дар ҳолати вафоти ӯ.
- Ҳангоми ба вуҷуд омадани асосҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, то баррасии масъалаи пеш аз муҳлат бозхонд намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссия ваколатҳои онҳо бо қарори Комиссия боз дошта мешаванд.