Имрӯз 1 октябри соли 2020 дар ноҳияи Ҷайҳун маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хизмати Модар Ватан -ро аз дилу ҷон мекунем»” бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Одиназода А. А. роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон, шахсиятҳои рӯзгордида, ҷанговарони башардӯст ва дигар меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А. дар ин маъракаи пуршукӯҳ ба сухан баромада, ба падару модарони наваскарон, ки ҳамагӣ ихтиёриён мебошанд, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуд. Иброз намуд, ки маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастии ҷавонон боиси он гардид, ки нақшаи даъвати тирамоҳии имсола дар рӯзи аввали даъват 75 % иҷро карда шуд.
Ба наваскароне, ки курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ ва барқчиро хатм намудаанд шаҳодатномаҳо супорида шуд.
Волотёри бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдуназарзода Г. бо баромади хеш наваскаронро табрику таҳният намуда баҳри иҷрои қарзи ҷавонмардии хеш изҳори миннатдори намуд.
Дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши иштирокчиён намуданд.