ФИЛМИ «ХИЁНАТ» АЗ ЧЕҲРАИ ШУМИ НАҲЗАТИҲО ПАРДА БАРДОШТ

Баъди рӯйи экрани телевизион падидор гардидани панҷ серияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” парда аз чеҳраи шуми наҳзатиҳо гирифта шуда, панҷ зарбаи обдори қавӣ ба сари пукашон фуроварда шуд. Дар воқеъ чеҳраи сиёҳи бенури наҳзатиҳо қолаби муайяни худро гум карда, бозҳам сиёҳтар шуд, дигар худсафедкунӣ ба онҳо, ки тамоми дуруғу найранги бофтаашон дар филм чун рӯз равшан менамуд, барояшон басо гарон афтод. Ҳангоми падидор гардидани қисми аввали филми мазкур афсункардаҳои наҳзатӣ борҳо худро ба пусти инсони поквиҷдону ба қавле «мавлавӣ» ё «сарони дини ислом» ҷой дода, хело ба истилоҳ «ҷони саги тар» канданд, ки худро сафед кунанду далелҳои дар филми мазкур оварда шударо инкор бикунанд, аммо амалашон ба сухани маъмулии «хести, ки хоби» рост омад.

Дар асл хостанду талош намуданд то офтобро ба доман пӯшонанд, ки ҳақиқати солҳо зери тоқию коса пинҳон намудаашон ошкор нагардад. Инак, баъди пахши бахшҳои чорум ва панҷуми филм, ки дар асл шиносномаи террорит будани ҲНИ-ро мемонад ва он бо далелҳои раднопазири азобу шиканҷа ва қатлу кушторҳои ваҳшиёнае, ки аз ҷониби наҳзатиҳои террорист иҷро гардидааст, рӯйи экран ва сафаҳоти интернетӣ падид омад, тамоми мардуми Тоҷикистон ва махсусан насли наврасу ҷавон, ки аз ин қазияҳои таасуфовар то ҳадди кофӣ бохабар набуданд, дар таъасуф афтоданд.

Шунида мешуд, ки мардум дар кӯчаву хиёбон ба ҳамдигар қиса карда, мегфтанд, ки наход як инсон, як миллат ва ҳамватан  нисбати ҳамватани дигараш чунин амалҳои ғайриинсониро раво бинад. Тавре дар матлаби пештар рӯйи чоп овардаам гуфта бадам, миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон акнун дуруст дарк карданд, ки аз ин пастфитратҳои наҳзатӣ бо чунин амали фаҳшу ҷиноятҳои ваҳшиён террористи воқеъӣ ҳастанд.

Баъд аз ҳам пошидани ҲНИ-и хоин дар тоҷикистон ва фирорӣ гардидани аъзоёнаш, ки ба худ дар Аврупо пагоноҳ пайдо намуданду аз ҷониби баъзе Хадамотҳои ҷосусии кишварҳои исломӣ ё сарпарастони пешинаи худ паблағгузорӣ гардиданашон то як андоза фаъолияти қавии таблиғотиашон ба роҳ монда шуда буд, ки дар ҳамин муддати кӯтоҳ чанд тан ҷавонони зудбоваре, ки зеҳнашон ба шиагӣ яқин буд, ба сафи худ ҷалб карданд. Акнун баъди таъсири филми «Хиёнат» ба шуури миллат, дигар наҳзатиҳои терорист дар ҳузури мардум агар аз осмон ситора биёранд ҳам, ҳолат тири аз камон ҷастаро мемонад, вале боз «аз душман ҳазар» гуфтаанд, шояб онҳо боз барои худ ниқоби нав созанд ва ба ин васила мисли ҳамон «паймонашон» (ПМТ) қурбоқабарин аз зери об ғутта зада ба рӯйи об мебароянду бо ба сӯйи Ватан ва Пешвои миллат қур мегуянд.

Дар асл агар ба таърих назар афканем, баъди пароканда гардидани ҳокимияти Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд, ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд,  ҳодисаҳои нангини бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншини руй дод, ки  оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонид. Баъзе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки ватан намуда, дар фазои нооромӣ даҳҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо дар задухурдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд. Бисёри ҳамватанони мо бе хонаву дар монда, хонаву дари беъзеи онҳо  валангор гардида, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монда, қариб як миллион нафар хонаву манзили худро тарк намуда,  гуреза  шуданд.

Хушбахтона, дар ҳамон вазъияти басо сангин дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо райъи вакилон интихоб гардид ва бо қатъият ба халқи тоҷик чунин изҳор карда буд: “То даме,  ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кӯмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад ва то охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон  садоқатмандона меҳнат мекунам”.

Акнун, хонандаи азиз худ қазоват кунед, ки тамоми ҳамин балоҳои дар боло зикр гардидаро ин гурӯҳи пинҳонкор, ки дар ниқоби ҳизби сиёсӣ барномаҳои хоҷагонашонро дар кишвари мо амалӣ кардан мехостанд, ба сари миллати тоҷик ва Тоҷикистони кӯчаки мо оварда буданд ва тамоми ҳамин мушкилотҳоро шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари миллат бо машаққатҳои зиёд бардошт. Дар асл онҳо мехостанд, ҳамин кишвари моро пойбанди равияи шиа созанду пойбанди давлати исломии ба мо маълум гардонанд, ҳангоме, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорату мардонагӣ сади роҳи онҳо гардид, аз ин лиҳоз ҳар гунна ҷумлаҳои бофтаву суфтаашонро нисбати Пешвои миллат дар сомонаҳо пахш намуда лофи номардӣ  мезананд. Донистани ин муаммо аз ҷониби тамоми хурду бузурги Тоҷикистон амри зарурист.    

Худ қазоват намоед, ки оё фароҳам овардани шароити шоиста барои зиндагии арзандаи халқи тоҷик, бедор намудан ва ба ҷаҳониён нишон додани фарҳанги миллати тоҷик ва бо ин васила муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналхалқӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, аз минбарҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, магар манфиати ғаразноки як шахс буда метавонад, ки ҲНИ ба Эмомалӣ Раҳмон тарҷеҳ медиҳад?

Аз ин лиҳоз, аз тамоми хурду бузурги миллати тоҷик тақозо карда мешавад, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро борҳо мавриди таҳлил қарор дода, аз кардаҳои ҲНИ-ии аз дониш фарсахҳо дур, огоҳ бошанд ва нагузоранд, ки бори дигар ҲНИ ё дигар ҳамсони он неши заҳрогини худро ба ин сарзамини аҷдодии мо бизананд.

Насим Сабурзода – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, аз ҳавзаи интихоботии №4