Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ, 14 ноябри соли 2020 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Маҳмуродзода Ҷ. М. зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Баъдаз суханронии муовини раиси ноҳия аҳли фарҳанги ноҳия бо Барномаҳои рангини омоданамудаи хеш консерти идона баҳри ҳозирин пешниҳод намуданд.