Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар ноҳия бар асоси талаботҳои муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» амал менамояд.
Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад.
Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.
Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдори моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро интихобкунандагони воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунанд.
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун дар асоси меъёрҳои муайянкардашуда, иборат аз 40 вакил буда, шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иҷлосия буда, дар он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки ба ваколати Маҷлиси вакилони халқ дохиланд.
Ҷараёни иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.
Дар як сол чор маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз тарафи раиси ноҳия (раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун) даъват карда мешавад.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳангоми зарурат иҷлосияҳои ғайринавбатӣ баргузор мегардад, ки дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидааст.
КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Маҷлиси вакилони халқ барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис медиҳад.
Дар назди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун 7 Комиссияҳои доимӣ мавҷуд буда, фаъолияти онҳоро Низомномае, ки Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ кардааст, ба танзим медарорад.
- Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба муҳофизати қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, иборат аз 5 вакил буда, раиси Комиссия Асақолзода Муродбек-вакили ҳавзаи интихоботии №21 мебошад;
- II. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба план ва буҷет, иборат аз 5 вакил буда, раиси Комиссия Холмуродов Акбаршо-вакили ҳавзаи интихоботии № 33 мебошад;
III. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин ва ҳифзи муҳити зист, иборат аз 5 вакил буда, раиси Комиссия Собирзода Диловаршо–вакили ҳавзаи интихоботии №27 мебошад;
- Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, иборат аз 5 вакил буда, раиси Комиссия Маҳмуродзода Ҷамшед-вакили ҳавзаи интихоботии № 39 мебошад;
- Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иборат аз 5 вакил буда, раиси Комиссия Абдулҳамидзода Ҳомидҷон-вакили ҳавзаи интихоботии № 34 мебошад;
- Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба одоби вакилон, иборат аз 5 вакил буда, раиси Комиссия Сомонзода Давлат-вакили ҳавзаи интихоботии № 15 мебошад.
VII. Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун оид ба таъминоти иҷтимоӣ, савдо, хуроки умумӣ, хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ ва шуғли аҳолӣ, иборат аз 5 вакил буда, раиси Комиссия Ғафорзода Беҳруз-вакили ҳавзаи интихоботии № 19 мебошад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ дар доираи ваколати Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои муваққатӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳайат, вазифаҳо, ваколат, мӯҳлати фаъолият ва ҳуқуқҳои комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми таъсис додани онҳо муқаррар менамояд.