Дар асоси дастуру супоришҳои протоколии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо роҳбарии муовинони раиси вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷию ватанӣ ва тақвияти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии вилоят таъсис дода шуда буд.
Имрӯз, 18 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси вилояти Хатлон, Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят, бахши робита бо кишварҳои хориҷӣ, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» баргузор гардид.