Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирии ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди онҳо, ки шарти асосии оромиву суботи давлат ва ҷомеа мебошад, комёбиҳо орзу намуданд.
Қайд карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкид менамоянд, ки “Воқеату таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳиб истиқлоламонро аз даст надиҳем”.
Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошад.
Раиси ноҳия иброз намуд, ки бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кушиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ бо хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.