Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ

Рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун барои дар сатҳи  баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо тантана ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии Ҷайҳун»-и шаҳраки «Дӯстӣ қабои идона ба бар карда буд. Ин рӯзи шодӣ ва фараҳбахшро маҳз деҳқонон, ҷавонону гулдухтарон ва кӯдакон хеле интизорӣ мекашиданд, чунки дар ин рӯз онҳо сару либоси идона ба бар карда, роҳ ба сӯи маъракаи ҷашнгирии Наврӯзи хуҷастапай мегиранд. Дар ин рӯзҳо ҳамаи мардуми ориёинажод иди бузургу бостонии миллиамон–Наврӯзи хуҷастапайро бо рӯҳи болида ва шодиву нишоти наврӯзӣ ҷашн гирифта истодаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи миллии Тоҷикистон ва умуман халқи ориёинажод бо Қарори ЮНЕСКО Наврӯзи байналмилалӣ эълон гардид, ки бори нахуст дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони олимақоми байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони мо маънои пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад.

Аз ин лиҳоз, ҷашни Наврӯзи Аҷам имсол натанҳо ҳамчун иди баҳор – иди марди деҳқон, балки ҷашнвораи сулҳу салоҳ, ваҳдату худшиносии миллӣ, фарҳангу маънавиёти ҷомеа, ҷашнвораи дӯстию бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ таҷлил мегардад. Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишони пешрафти ташаккули созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои Соли Нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст, ки мардуми ноҳия низ дар ин рӯз чун анъана кӯшиш менамоянд, ки хонаву дари хеш ва кӯчаю маҳали зисташонро тозаю обод намоянд.

Дар сарзамине, ки имрӯз ворисони мардуми Ориёӣ, яъне тоҷикон зиндагӣ мекунанд, беҳтарин суннатҳои қадимӣ эҳё мегарданд. Бинобар ин ниёгони мо расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин бо оростани дастархони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону гулдухтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, ҷуфтбарории марди деҳқон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ дошта, аз файзи истиқлол ба он шукӯҳу шаҳомати хоса афзудаанд. Истиқболи гарми ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор месозад.

Дар намоиш ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастовардҳои хешро ба намоиш гузоштаанд, ки боз ба ҳусну таровати ҷашнгоҳ рангу намои дигар бахшид. Ҳамаи онҳо ба тайёрии хуб дастовардҳои худро ба маърази тамошои меҳмонону ҳакамон гузоштанд. Махсусан кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ бо дастурхони идона ва маликаи «Наврӯзӣ»-ашон, МД «ЛКТ», Ҷамъияти матлубот дастовардҳои меҳнатии худро хеле хуб ба намоиш гузоштанд. Он ёдгориҳои таърихие, ки ба маърази тамошо оварда буданд, гувоҳи ҳақиқати ҳоли ҷашни ниёгони Наврӯзро таҷассум мекард. Маликаҳои Наврӯзӣ аз халқияту миллатҳои гуногун иборат буд ва бо сару либосҳои миллии худ зебу зинати ҷашнгоҳро боз ҳам афзунтар мекард. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо субҳи имрӯз дар маркази Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» намоиши дастовардҳои меҳнатии хоҷагии халқ, хӯрокҳои миллӣ, анъанаҳои қадимаи аҷдодӣ ва рамзи баҳору зебоии Наврӯзи Аҷам «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» бо тартиби муайян ороста буданд, ки ҳайати комиссияи ташкилӣ ва ҳакамону меҳмонони зиёде аз маркази вилоят ва ҷумҳурӣ дидан намуданд. Баъди азназаргузаронии меҳмонон ва ҳакамон аз дастовардҳои меҳнатии хоҷагии халқи ноҳия ҳайати раёсат ва меҳмонон ба минбари ҷашнгоҳи Наврӯзӣ баромаданд.

Қисми тантанавии ҷашни Наврӯзи Аҷам бо барномаи фарҳангии Бахши фарҳанг ва Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ифтитоҳ гардид. Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор бо Паёми табрикии Наврӯзии худ баромад намуда, ҳамаи шаҳрвандони ноҳияро ба фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун низ дар соли ҷорӣ нақшаҳои зиёде оиди ободонию бунёдкорӣ ва пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, ки иҷрои он дар назди ҳар яки мо вазифа мегузорад, боз ҳам хубтару беҳтар ва сазовори боварии аҳли ҷомеа фаъолият кунем. Боварии комил дорам, ки дар иҷрои ин нақшаҳо Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кишоварзон, чорводорон, сохтмончиён, роҳбарони хоҷагиҳо, саноатчиён, зиёиён, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хуллас тамоми мардуми ноҳия саҳмгузорӣ менамоянд.

Бигузор дар ин рӯзҳои фараҳбахши баҳорӣ дилҳои моломоли ифтихору садоқати мардуми азизи ноҳияи мо аз ҷилваи пурназокати Наврӯзи оламоро саршор гарданд! Бигзор Наврӯз дар дили пиру ҷавони ҳар як сокини ноҳияи мо тухми меҳру муҳаббат, ниҳоли садоқату меҳрубонӣ ва ғунчаи умеду орзуҳои наҷибро ба бор орад! Бигзор иди Наврӯз барои ҳар яки мову шумо рӯзгори тинҷу осуда, иқболи нек, тахту бахти баланд ва умри бобаракатро ато созад!

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҷашни Наврӯзии ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуда, мардуми ноҳияро ба фарорасии Наврӯзи Хуҷастапай – иди баҳору кишту кор табрику муборакбод намуданд.

Сокинон ва меҳмонони ноҳия тӯли як ҳафтаи ҷашнҳои Наврӯзӣ аз субҳ то шом бо рӯҳу болидаю илҳоми баҳорӣ иди Наврӯзи Аҷамро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил менамоянд.