Имрӯз бо иштироки раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Иҷлосияи 7 – уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар ҷамъомади имрӯза муовини якуми раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, вакилон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, Прокурори ноҳия, раиси Суди ноҳия, сардори шуъбаи КДАМҶТ дар ноҳия, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳия, Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 28 декабри соли 2016, №784 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 «Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №504 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» сухан ба вакил аз ҳавзаи интихоботии №15 Сомонзода Давлат дода шуд.
Аз рӯи ин масъала вакилон Қурбонов Сайдаҳмад, Мамадов Шамсиддин ба музокира баромада, атрофи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 андешаронӣ карданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун «Оид ба план ва буҷет» шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи №29 Чулаев Шодибек шунида шуд.