Имрӯз тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як гуруҳ Модарон ба айёдати сарбозон ба Дидбонгоҳҳои рақамҳои 2, 3, 4, 5 ва 6- и ноҳия бо роҳбарии муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ва мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия рафта аз шарту шароити хизматӣ онҳо дидан намуда барои сарбозон хуроки нисфирӯзи оростанд.
Боиси қайдаст, ки имрӯзҳо ҷавонмардони бонангу номус дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи марзу буми Ватан хизмат намуда истодаанд ва аз ҷониби роҳбарияти ноҳия дар ҳар як чорабиниҳои ҷашни ба онҳо туҳфаҳои идона дастрас карда шуда ва баҳри болидаруҳии онҳо чорабиниҳои фарҳангию фароғати ва мусобиқаҳои варзишӣ роҳандози карда мешавад.