ХОЛБОБОЕВ М – ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ, МУТАХАССИСИ ПЕШБАРИ БАХШИ МЕЪМОРИИ МИҲД ДАР ВАЗЪИЯТИ ТАНТАНАВӢ БА НАФАҚА ГУСЕЛ КАРДА ШУД

Зимни ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул маросими ба нафақа равон намудани Холбобоев М. Мутахассиси пешбари бахши меъмори ва шаҳрсозии ноҳия баргузор гардид.
Сараввал Раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор баромад намуда, оиди саҳмгузории Холбобоев М. дар соҳаи беъмори ва шаҳрсозӣ ҳамчун хизматчии давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти соҳа ва рушди соҳаи хизмати давлатӣ изҳори сипос баён дошта, барояшон комёбиҳо таманно ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.