
Ҳамасола санаи 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад, ки ин нишоне аз сиёсати варзишпарварона, арҷгузорӣ, дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа мебошад.
Имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинӣ ва ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинон собиқадорони соҳаи варзиш, муррабиён, варзишгарон ва кормандони ташкилоту корхонаҳо ширкат доштанд.
Нахуст Раиси ноҳияи баромад намуда варзишгаронро ба ин рӯз табрик намуданд. Иброз доштанд, ки Воқеан, варзиш ҳамчун омили муттаҳидкунандаи халқу миллат, сулҳу субот, мактаби бузурги ватандӯстӣ буда, барои тарғибу ташвиқи арзишҳои умумиинсонӣ, тавсеаи муносибатҳои дӯстона байни кишварҳои гуногун мусоидат мекунад. Дар баробари ин варзиш қодир аст, ки аз гароиши ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб, ба мисли нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҷилавгирӣ намояд.
Сипас ба як қатор собиқадорон, муррабиён ва варзишгарон Сипоснома ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун тақдим гардид.