Мутобиқи моддаҳои 8, 9 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун таҳти № 907 аз 21 сентябри соли 2022 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 28 сентябри соли 2022 Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) даъват гардида буд. Ба иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, сардорони муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва баъзе ташкилоту муассисаҳои ноҳия даъват шуда буданд.
Ҳамин тавр рӯзи 28 сентябри соли 2022 соати 9-и пагоҳӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқ ва даъватшудагон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун аз ҳавзаи интихоботии №1, раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) ба кори худ шуруъ кард.
Барои пеш бурдани кори Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) Олимбек Асоев – вакил аз ҳавзаи интихоботи № 2 ҳайати котиботро аз ду нафар вакил пешниҳод намуд: Беҳрӯз Ғафорзода – вакил аз ҳавзаи интихоботии №19 ва Шералӣ Қирғизбеков – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 35 пешбарӣ гардиданд, ки аз тарафи вакилон ҷонибдорӣ ёфт. Сипас раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум)-ро, ки аз 7 масъала иборат буд, пешниҳоди вакилони халқ намуд. Вакилони халқ рӯзномаи пешниҳодшударо якдилона тарафдорӣ намуданд, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд:
- Ахбороти раиси комиссияи интихоботии ноҳиявӣ дар бораи натиҷаи интихоботи вакилон бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №№ 8, 21, 33 ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун.
- Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19.11.2021, таҳти № 1192 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 29.09.2021, таҳти № 314 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»;
- Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун «Оид ба сохтмон, нақлиёт, саноат ва алоқа»;
- Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии № 17 Мамадов Шамсидин Ҷалилович;
- Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун дар ҳавзаи интихоботии № 24;
- Дар бораи таъин намудани интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун бар ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии № 24;
- Дар бораи тасдиқи қарорҳои қабулкардаи раиси ноҳияи Ҷайҳун аз моҳи июл то сентябри соли 2022.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ахбороти раиси комиссияи интихоботии ноҳиявӣ Иброҳимзода Абдукарим Саттор дар бораи натиҷаи интихоботи вакилон бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №№ 8, 21, 33 ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун шунида шуд. Қобили зикр аст, ки барои омодагии ҳамаҷониба ва мусоидат намудан барои гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун бар ивази вакилони хориҷшуда комиссияи ноҳиявӣ ва ҳам комиссияҳои ҳавзавию участкавӣ тибқи протоколи маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор аз 22 августи соли 2022 раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва ҳайати комиссияҳои интихоботие, ки дар деҳаҳои Айни, Навобод ва Деҳқонобод интихобот мегузарад, пешаки огоҳ карда шуданд ва дар рӯзи интихобот, ки рӯзи 28 августи соли ҷори баргузор гардид, шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доштанд, муташаккилона ширкат варзиданд.
Дар участка ва ҳавзаи интихоботии № 8 шумораи умумии интихобкунандагон 1500 нафар ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамаи шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавза ва участкаи интихоботии № 8 ба рӯйхат дохил гардида, дар интихобот 1400 нафар иштирок намудаанд, ки 1180 нафар дар интихобот ба тарафдории номзад Шоймардов Ҳусейншо Султоншоевич – раиси Ҷамоати деҳоти «Панҷ» овоз додаанд, ки 84,12 фисади шумораи интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Ба муқобили номзад ба вакили 180 нафар интихобкунандагон овоз доданд, ки 12,88 фисадро ташкил додааст.
Дар участкаи интихоботии № 21 ва ҳавзаи интихоботии № 21-и Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» номзадии Одиназода Эмомиддин Одина-раиси Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» гузошта шуда буд, ки аз шумораи умумии 1700 нафар интихобкунандагон 1200 нафараш ба тарафдории номзад овоз доданд, ки 97,5 фисадро ташкил медиҳад ва 30 нафар интихобкунандагон ба муқобили номзад ба вакили овоз доданд, ки 2,5 фисади шумораи интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Дар участкаи интихоботии № 34 ва ҳавзаи интихоботии № 33-и Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» номзадии Паҳлавонзода Абдукарим Абос – мудири шуъбаи агентии давлатии омори ноҳияи Ҷайҳун аз тарифи КИ ҲХДТ ва Нодирзода Ислом Айнидин-раиси Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» ба тариқи худпешбари гузошта шуда буданд, ки аз шумораи умумии 1460 нафар интихобкунандагон 202 нафараш ба тарафдории номзад Паҳлавонзода Абдукарим Абос овоз доданд, ки 18,2 фисадро ташкил медиҳад ва 914 нафар интихобкунандагон ба муқобили ҳамин номзад ба вакили овоз доданд, ки 81,8 фисади шумораи интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Ба тарафдории номзади худпешбари Нодирзода Ислом Айнидин-раиси Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» аз шумораи умумии дар интихобот иштирок намуда, 914 нафараш овоз дода, 202 нафар муқобили ҳамин номзад овоз доданд, ки 18,2 фисади овозҳоро ташкил медиҳад. Дар натиҷа номзади худпешбари Нодирзода Ислом Айнидин-раиси Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» овози бештар гирифта, вакил интихоб шуд.
Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва дар асоси протоколҳои ҳавзаҳои интихоботии № 8, № 21 ва № 33 дар бораи натиҷаи овоздиҳии интихобкунандагон аз ҷониби ҳайатҳои комиссияҳои участкави ва ҳавзави интихобот дар рӯзи таъиншуда, яъне 28 августи соли 2022 баргузоргардида ҳисобида шуд.
Комиссияи интихоботии ноҳияви оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун аз вакилони Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун хоҳиш менамояд, ки ваколати вакилони навинтихобшуда дар ҳавзаи интихоботии № 8-и Ҷамоати деҳоти «Панҷ» раиси Ҷамоати деҳоти «Панҷ» Шоймардов Ҳусейншо Султоншоевич, дар ҳавзаи интихоботии № 21 раиси Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» Одиназода Эмомиддин Одина ва № 33-и раиси Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» Нодирзода Ислом Айнидин бар ивази вакилони хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳунро тасдиқ намоянд. Вакилони халқи ноҳия таклифи раиси комиссияи ноҳиявии интихоботиро дастгири намуданд ва ваколати 3 нафар вакилони навинтихобшударо тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия гузориши Бахдавлатзода Гулбаҳор Бахтибек-вакил аз ҳавзаи интихоботии № 3 Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19.11.2021, таҳти № 1192 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 29.09.2021, таҳти № 314 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» шунида шуд, ки оиди ин масъала Шодибек Чулаев – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 29 ва Нодиршо Бозмамадов – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 11 ба музокира баромада, ҷиҳати пешрафт пешгири ва муқовимат ба коррупсия таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуданд. Оиди ин масъала лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун бо тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз тарафи вакилони халқи ноҳия пурра ҷонибдори ёфтанд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Иҷлосия ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Маҳмуродзода Ҷамшед Маҳмурод – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 39 «Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун «Оид ба сохтмон, нақлиёт, саноат ва алоқа» шунида шуд. Оиди ин масъала Қобил Зулматов – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 13 ба музокира баромада, таклифи фаъол намудани корхонаҳои саноати ва сохтмони дар доираи ҳадафи чоруми саноатикунонии кишвар барои солҳои 2022-2026 таклифҳои мушаххас пешниҳод кард. Лоиҳаи қарор оиди ин масъала бо ҷузъиёти тағйиру иловаҳо аз тарафи вакилон қабул гардид.
Аз рўи масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии № 17 Мамадов Шамсидин Ҷалилович дар назди вакилони халқ шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзномаи иҷлосия пешниҳоди раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун «Оид ба одоби вакилон» Сафархон Қаландаров – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 14 дар бораи риояи вакилон дар самти фаъолият ва иштирок дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқ баромад намуда, иброз намуд, ки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 24 пайи ҳам се маротиба иштирок накардааст. Аз ин лиҳоз ваколати вакилиаш пеш аз муҳлат қатъ карда шавад. Вакилони халқ пешниҳоди раиси Комиссияро якдилона дастгири карданд.
Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия барои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун дар ҳавзаи интихоботии № 24 таъини интихобот ва тасдиқ намудани ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии № 24 рўзи 12 декабри соли 2022 муайян карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Аз рўи масъалаи ҳафтуми иҷлосия қарорҳои қабулкардаи раиси ноҳияи Ҷайҳунро аз моҳи июл то сентябри соли 2022-ро якдилона тасдиқ намуданд.
Дар охири иҷлосия вакилони халқ аз рўи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар кори Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иброҳим Исмоилзода, Талабшоҳ Латифзода ва Собирҷон Давлатзода – кормандони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок ва баромад намуданд.
Худи ҳамон рўз кори Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум) бо садо додани Сурудии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.