Суханронии муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Бахтдавлатзода Гулбаҳор Бахтибек – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 3 дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони ноҳияи Ҷайҳун (даъвати шашум)
Муҳтарам Раис, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҳозирини гиромӣ!
Яке аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро халалдор менамояд ва пояҳои давлатдориро заиф мегардонад, ин коррупсия мебошад. Баррасии масъалаи мазкур дар иҷлосияи имрўза иқдоми саривақтӣ барои пешгирӣ ва муқовимат бо ин омили номатлуб маҳсуб ёфта, боварӣ аст, ки баъди қабули қарор дар ин самт боз ҳамкорӣ беҳтар мегардад. Дар ҳақиқат коррупсия дар ҷаҳони муосир, дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо монеаҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меорад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднок роҳандозӣ гашта, ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои зидди коррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст. Муқовимат бо коррупсия ва пешгирии ин омил қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ба вуҷуд овардани самаранокӣ дар самти муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагӣ дорад. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пеш гирифта, то ин муддат ду санади барномавӣ амалӣ гардонида шуд, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуда, дар ин асос баҳри иҷрои барномаҳои зикршуда қарорҳои дахлдори раиси ноҳия ва нақша-чорабиниҳои мухталиф ба тавсиб расонида шуда буд, ки дар солҳои зикршуда як қатор корҳои ташвиқотию таблиѓотї ва пешгирикунанда роҳандозї гаштанд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар давраи амалисозии Стратегияҳои дар боло зикршуда, ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрую нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Бинобар ин, қабули «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун дурнамои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ то соли 2030 амалӣ карда мешавад. Бо мақсади амалӣ намудани талаботҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун зарур шуморид, ки бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19 октябри соли 2021, №1192 Барномаи дохилиидоравии (соҳавии) зиддикоррупсиониро таҳия ва қабул намояд. Нусхаҳои қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун барои иҷро ба ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳои ноҳиявӣ фиристонида шудааст. Аз ҷониби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия қарорҳои дахлдори худро қабул намуда, нақшаи чорабиниҳо низ тасдиқ гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, назорати ҷамъиятии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномавӣ, Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои кории муқовимат ба коррупсия дар ноҳия амалӣ карда, робитаи устувор, мунтазам ва ҳамкориҳои судмандро дар байни аҳолї ва ҳокимияти давлатӣ барқарор менамояд ва ҳамзамон ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба татбиқи дигар чорабиниҳои зиддикоррупсионии дорои хусусиятҳои умумидавлатӣ мусоидат менамояд.
Ҷиҳати тақвияти механизми амалигардонии стратегияи мазкур бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун аз 1 июни соли 2016, №300 «Низомномаи Комиссияи Ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун» ва бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 22 декабри соли 2021, № 1337 «Дар бораи таѓйирот ба ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун» тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дода шудааст. Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун фаъолияти худро дар асоси низомнома ба роҳ монда, дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ташвиқу тарғиби санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, ҷаласаҳои навбатии комиссия мунтазам тибқи талаботи низомнома соле ду маротиба ва дар натиҷаи ба вуҷуд омадани зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатӣ гузаронида мешавад, ки аллакай дар соли ҷорӣ вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар назди Комиссияи Ҷамъиятӣ ду ҷаласа тибқи нақша ва як ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид. Дар ҷаласаҳои Комиссияи ҷамъиятӣ масъалаҳои муҳими муқовимат бо коррупсия тибқи нақшаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, яъне иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи ҷамъиятӣ ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳову норасогиҳо дар пешниҳодҳои Раёсати Агентии давлатии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муайян шудаанд, қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.
Бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ ва ташаккул додани муҳити оштинопазир ба зуҳуроти коррупсионӣ, тарғиб намудани фазилатҳои неки инсонӣ, аз қабили ҷавонмардӣ ва дар рӯҳияи ватандустӣ тарбия кардани аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани эътимоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар якҷоягӣ бо воҳидҳои сохтории пешгирии коррупсия, хусусан мақомоти назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия 5 маротиба вохӯриҳо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия, инчунин якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ташкилоту муассисаҳои дахлдор 25 маротиба мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ доир гардонида шуд. Дар соли ҷорӣ ба воситаи рӯзномаи ноҳиявии «Ҷайҳун» 5 адад мақолаву вокунишҳо нашр гаштааст. Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаву деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ ва кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамзамон семинару конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд, доир намудааст. Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки муқовимат бо коррупсия ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо ҷалби тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирии коррупсия аз маҷмӯи чорабиниҳои таъсирнок иборат буда, ҷанбаҳои мухталифро дар бар мегирад. Бо мақсади таъмин намудани назорати ҷамъиятии иҷрои нақшаҳои кории мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои дахлдори ноҳия ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад.
Тибқи амри раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 12 августи соли 2022, №23 бо мақсади пурраю ҳаматарафа омӯхтан ва тайёр намудани масъалаҳои иҷлосияи имрӯза гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ дар натиҷаи омӯзишу таҳлил ҷиҳати таъмини иҷрои мунтазами фаъолияти самарабахши қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19 октябри соли 2021, №1192 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» корҳои иҷрошудаи ин стратегияро дар фаъолиятҳои мақомотҳои худидаракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои дахлдори ноҳия интихобан мавриди омӯзишу таҳлил қарор дод. Зимни омӯзиш муайян гашт, ки дар назди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои дахлдори ноҳия ҷузъгирҳои назоратӣ оиди иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19 октябри соли 2021, №1192 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ташкил шудааст.
Аммо зимни омӯзишу санҷиш муайян гашт, ки рафти иҷрои қарори мазкур вобаста ба муқовимат ва пешгирии коррупсия дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Идораи Кумитаи замин, Беморхонаи марказӣ, Нозироти андози ноҳия, КАТС, КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаҳои корӣ дар самти ташвиқу тарғиби санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ таҳия шуда, корҳои муайянро ба анҷом расонида бошанд ҳам, вале вазифаҳои асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 иҷро нашудааст. Аз ҷумла, оиди таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ба ғайр аз як ё ду протоколи хусусияти ташкилидошта оид ба пешгирии коррупсия маълумотномаҳо ё гузоришҳо вуҷуд надоранд. Ҳол он ки амалишавии стратегияи мазкур дар корхонаҳо, идораҳо ва муассисаҳои дар боло зикршуда як сол сипарӣ мешавад;
– вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дорои хусусияти умумиҳатмӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар назди роҳбарият ва кормандони ниҳодҳои зикршуда омӯзиш ва баррасӣ нашудааст;
– дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои мухталифи ноҳия гузаронидани таҳлилҳо оиди ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ бо мақсади ошкор сохтани ин зуҳурот, пешниҳод намудани таклифҳо ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро, ки худи низомномаи комиссияи ҷамъиятӣ пешбинӣ намудааст, аз ҷониби масъулон, яъне мудири шуъбаи маориф ва роҳбарони соҳаи тандурустӣ, роҳбарияти идораҳои нозироти андоз, Кумитаи замини ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъмин накардааст. Аз беаҳамиятӣ ва ба инобат нагирифтани вазифагузориҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соли равон нисбати як қатор роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ парвандаҳои ҷиноятиву маъмурии хусусияти коррупсионидошта тартиб дода шуда, дар суди ноҳия баррасӣ гаштааст. Ҳолатҳои мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хусусан аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кормандони мақомоти прокуратураи ноҳия ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия ошкор шудаанд, ҳол он, ки роҳбарони ташкилоту муасисаҳо ва идораву корхонаҳои зикршуда метавонистан қаблан ин ҳолатро пешгирӣ кунанд. Масалан роҳбари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 бинобар сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ нисбаташ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Ба ҳамин монанд, нисбати чор нафар собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва нисбати се нафар кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта тартиб дода шудааст.
Аз ҷониби мудири шуъбаи маориф бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон, барномаҳои таълимӣ тартиб дода нашуда ё ин ки дар соатҳои тарбиявӣ муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба муқовимат ва пешгирии коррупсия дарс ташкил нашудааст.
Қобили таъкид аст, ки дар рафти санҷиш як қатор камбудиҳо дар ин самт муайян карда шуда, ба масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои санҷидашуда барои бартараф намудани онҳо ёрии амалӣ расонида шуд. Санҷишу омӯзиши интихобан дар фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Идораи Кумитаи замин, Беморхонаи марказӣ, нозироти андози ноҳия, КАТС, КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуда бошад ҳам, чунин камбудиҳои ошкоршуда оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19 октябри соли 2021, №1192 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар дигар ташкилоту муассиса ва идораву корхонаҳои ноҳиявӣ низ вуҷуд доранд.
Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондани фаъолияти густурда оид ба пешгирии коррупсия дар ноҳия ба мақсад мувофиқ аст, ки чорабиниҳои зерин роҳандозӣ карда шаванд:
– таҳлил ва баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
– ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи зиддикорупсионӣ аз ҷумла, мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ, доир намудани семинару конфренсияҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ доранд;
-гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо бо мақсади ошкор сохтани зуҳуроти коррупсионӣ, пешниҳод намудани таклифҳо ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
– гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта;
– таъмини назорати ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои зиддикорупсионӣ аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои ноҳиявӣ;
– таҳлили натиҷаи фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои ноҳиявӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои ба вуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ ва омода намудани пешниҳодҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти мақомотҳои дахлдори давлатӣ;
Ҳамин тариқ, санҷиш собит сохт, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои ноҳиявӣ, ки дар боло зикр шудаанд, ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19 октябри соли 2021, №1192 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» кори муайян ба сомон расонида шуда бошад ҳам, камбудиҳои ҷиддӣ дида мешавад, ки ҳолати мазкур андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пурзӯр намудани муқовимат ба коррупсия, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва идораву корхонаҳои ноҳиявиро зарур аст, ки фаъолиятро тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монанд. Ҷиҳати дар оянда роҳ надодан ба камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкоргардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳунро зарур аст, ки назорати бевоситаи иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва талаботи «Низомномаи намунавии Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ»-ро ба зиммаи худ гирифта, нисбати вайронкунандагони низоми иҷроия чораандешӣ намоянд.
Мақсад аз қабули Сратегияи мазкур дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ давра ба давра мукаммалгардонии сиёсати зиддикоррусионӣ, ташкил ва таъмини идоракунии самарабахш дар мақомотҳои худидоракунии шаҳраку деҳот ва соҳаҳои ҳаёти Ҷамъиятӣ, ташкил ва амалигардонии идоракунии электронӣ аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ паст намудани шиддати коррупсия дар ноҳия иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Ман ҳамчун вакил ва бевосита ҳамчун раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун зарур мешуморам, ки дар оянда рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 19 октябри соли 2021, №1192 оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро ҷиддӣ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани донишҳои мукаммали иҷрокунандагон, хусусан масъулони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву идораҳои дахлдори ноҳия дар самти муқовимат бо коррупсия, семинарҳои омӯзишӣ ва тавсияҳои методиву машваратӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон таклиф пешниҳод менамоям, ки вобаста ба иҷроиши талаботҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳар нимсола таҳлилу омӯзиш гузаронида шуда, дар маҷлисҳои назоратии назди раиси ноҳия баррасӣ карда шавад.