Ҳафтаи гузашта аз тарафи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади баланд бардоштани худогоҳӣ ва маърифатнокии наврасону толибилмон ва гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ доир ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамчун хатарҳои глобалӣ миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он котиб-коргузори Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Инъомҷон Султонов ва котиби Ташкилоти ибтидоии содиқадорони ҷангу меҳнати Ҷамоати шањраки «Дӯстӣ» Абдухолиқ Шарипов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки мушкилоти терроризм ва экстремизм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ба яке аз масъалаҳои муҳим ва хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Бо ҳамин мақсад ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби аср Инъомљон Султонов дар назди мактаббачагон баромад намуда, ба онҳо оид ба ин гуруҳҳои ҷиноятпеша, ифротгаро ва тундрав маълумоти муфассал дод.
Аз ҷумла, қайд кард, ки ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеаанду ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ, баландсолорӣ (максимализм) хислати хос мебошад, аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, аз ин рӯ метавонанд ба осонӣ ба доми идеаҳои радикалӣ афтанд.
Яке аз мушкилотҳои асосӣ вобаста ба ҷалби ҷавонон имрӯз ин таъсири интернет, яъне шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ мебошад, ки иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифтор шуда, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Дар идомаи чорабинии мазкур Абдухолиқ Шарипов баромад намуда, иброз дошт, ки гуруҳҳои террористию экстремистӣ бо идеологияи дуруғини худ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопокашон аз ҳар роҳу усул истифода карда, ҷавононе, ки таҷрибаи кофии динию дунявӣ надоранд зуд фирефтаи ин қабил гуруҳҳои махфии ҷиноятпеша гардида, ҳаёти худро барбод медиҳанд ва волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа хиҷолатзадаву шармсор мегардонанд.
Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҷавононро зарур аст пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунанд. Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина, тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ бояд таваҷҷуҳи асосиро ба сиёсати давлатӣ, дар соҳаи ҷавонон равона сохта, онҳоро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намоянд, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ва суҳбату вохӯрӣ бо ҷавонону толибилмон ҳам аз ин иборат буд.