Гузориш аз таҷлили ҷашни Иҷлосияи тақдирсоз ва «Рӯзи Президент» дар ноҳияи Ҷайҳун

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола 16 ноябр дар сартосари мамлакат ҳамчун санаи муҳими таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» «Рӯзи Президент» таҷлил мегардад. Ба ин хотир, мардуми шарафманди ноҳияи Ҷайҳун низ бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ин санаи фархандаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.

Чорабинии тантанавӣ, ки дар қасри фарҳанги ноҳия доир гардид, дар он раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, муовинони раиси ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин толибилмону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.  Дар оғози чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент раиси ноҳияи Ҷайҳун А. А. Одиназода баромад намуда, оид нақши калидӣ ва сарнавиштсози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон ва расидан ба ормонҳои миллию давлатдорӣ ибрози андеша кард.

Сипас доир ба таљлил намудани 16-ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” прокурори ноҳияи Ҷайҳун, мушовири адлия, дараҷаи 1 Раҷабзода Шоҳрух Ҷаббор суханронӣ намуда, доир ба мансаби олии Президент тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Инчунин, мавсуф оиди хизматҳои шоиставу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар барқарорсозии сохти конститутсионии давлат, таҳкими волоияи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу арзишҳои олии инсон ва шаҳрванд, аз вартаи ҳалокат ва нестӣ наҷот додани миллату давлати куҳанбунёди тоҷик ва эҳёи як давлати воҳиду ободу зебо ибрози андеша намуданд.

Сипас дар идомаи чорабинӣ аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор фаъолону роҳбарон ва собиқадорони меҳнат барои хизматҳои шоиставу саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти меҳнатӣ ба Ифтихорномаву Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндагону навозандагони бахши фарҳанг ва толибилмони мактаби мусиқии бачагона суруду оҳангҳо дар васфи Пешвои миллат ва Ватану ватандорӣ сароида, табъи ҳозиринро шод намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Аз саҳифањои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз њамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъда ва бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии Президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шуда, ҳамасола таҷлил карда мешавад.