Санаи 26 июни соли ҷори дар саҳни майдони Парчами миллӣ чорабинии фарҳангиву фароғати бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии тантанавӣ Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусатор суханрони намуда сокинони ноҳияро ба ин ҷашни миллӣ табрик намуд. Инчунин дар чорабини мазкур яке аз ҷавонони соҳибистеъдод, навқалам ва иштирокчии озмӯни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» дар наминатсияи эҷодии назм Сарвинози Қурбон бо шеърҳои эҷодкардааш хотири иштирокчиёнро болида гардонид. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии идонаи бахши фарҳанги ноҳия пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Ҳамчунон бахшида ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ, аксияҳои тарғиботӣ, конфиренсияҳо ва озмуни иншои беҳтарин дар васфи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир карда шуд.