Санаи 5 августи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нишасти матбуотии Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. А. оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия давоми нимсолаи якуми 2024 ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Ҷайҳун дар давраи ҳисоботӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои сокинон қадамҳои устувор гузошт.
Зикр гардид, ки дар ин давра мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати некӯаҳволии сокинон, ки аз ҳадафҳои муҳими Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тадбирҳои судманд амалӣ намуд.
Раиси ноҳия дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, зикр дошт, ки дар ин самт корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат дорад.