Санаи 5-уми августи соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун маҳфили “Кадбонуи Хатлон” доир гардид, ки дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Зимни баргузории маҳфили мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор аз маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ҳунарҳои дастдӯзӣ ва кадбонугии аҳли маҳалли ҷамоат дидан намуда, сипас бо занону бонувон сӯҳбату вохурии самимию ошкоро анҷом дод. Қайд карда шуд, ки бар баробари баргузории маҳфили зикршуда ва дарёфти занону бонувони ҳунарманд пеш аз ҳама мақсад доир намудани корҳои оммафаҳмонӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз миёни занону бонувон ва ҷавондухтарон мебошад. Дар ин вохӯрӣ бори дигар оид ба вазъи кунунии ҷаҳон, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, инчунин таълиму тарбияи насли наврас ва касбу ҳунаромӯзӣ онҳо таъкид карда шуд.
Ҷолибияти маҳфили “Кадбонуи Хатлон” дар Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ”- ноҳия дар он буд, ки аз ҷониби масъулини ҷамоат бо шукӯҳтар ва ҷалби бештари занону бонувон ва намоиши пӯхту паз ва кабдонугӣ васеътар ба роҳ монданд.