ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди корҳои созандагию ободонӣ, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, амалигардонии захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва дар ин замина пешгирии хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳам аз лиҳози сиёсию амниятӣ ва ҳам аз ҷиҳати таҳдиди норасоии маводи озуқаворӣ, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони раёсату мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, қисман намояндагони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, дигар фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар ҷаласа раиси вилоят иброз намуд, ки ҳамагон хуб медонем, дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар давраи пандемия оид ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, идораю ташкилотҳо ва ҳатто назди идораҳо, инчунин ташкили гуруҳҳои ташвиқотию таблиғотӣ оид ба зарурати консервакунонӣ ва захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ, самаранокии худро нишон дод. Имрӯзҳо, вазъи ҷаҳони муосир ва таҳдиди хатарҳои гуруснагию қаҳтӣ ҳамаи моро водор менамояд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро саривақту сифатнок иҷро намуда, амнияти озуқавориро таъмин созем.
Дар ҳамин замина раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва иштирокчиёни ҷаласа супориш дод, ки аз ҳисоби фаъолон, вакилон, ҳизбиён, ҷавонон, занон, собиқадорони барӯманд, ходимони дин, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар сохторҳои зарурӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода, дар ҳар ҷамоат, деҳаю маҳалла ва ҳатто хона ба хона моҳият ва самаранокии ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба истифодаи заминҳо, тақвияти консервакунонию хушконидани меваю сабзавот, захиракунии маводи озуқаворӣ барои ду соли оянда, роҳ надодан ба хароҷотҳои беҳудаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар кишти такрорӣ бештар гузаронидани кишти зироатҳои лӯбиёгиҳо ва захираи донагиҳо дар ҳамаи оилаҳо, риояи қонуни масъулияти падару модар, аҳамияти бештар зоҳир намудан дар тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон ва падару модар, мунтазам тариқи васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди иттилою маълумотҳои тарбиявию ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот, бохабар будан аз ташрифи меҳмонони нохонда дар деҳаю маҳалла, аз даст надодани ҳушёрию зиракӣ ба тамоми сокинон фаҳмонида шавад.
Ҳамзамон ба тамоми фаъолон ҷиҳати назорати рафти дарави ғалладонагиҳо ва вусъат додани кишти такрории зироатҳо, сифатан иҷро намудани дурнамои пешбинишуда, инчунин дар тамоми заминҳое, ки имконияти гузаронидани кишт доранд, пурра гузаронидани кишт, риояи ҳатмии қоидаҳои зиддисӯхторӣ дар ғаллазорҳо, ҳифзи ҳосили рӯёнидашуда аз сӯхтор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳо, махсусан обёрии нашъунамо, коркарди байни қатор, озуқадиҳӣ ва мубориза барзидди касалию ҳашаротҳои зараррасони пахта; вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди тамоми ноҳияҳо, батартибдарории қади роҳу кучаҳо, махсусан кучаҳои марказию протоколӣ, тозакунӣ аз партову ифлосиҳо, ба тартиб даровардани заминҳо, ивази шиору овезаҳо ва парчаму парчампояҳои фарсудашуда, насби шиору овезаҳо доир ба мавсим ва мавзӯҳои зарурӣ ва сифатнок ба итмом расонидани иншоотҳои ҷашнӣ дастутуру супоришҳи мушаххас дода ва гуфта шуд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити мураккабу номусоид қарор дошта, зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии ватанамон дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.