ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ БОХТАР ФУД БА МАБЛАҒИ 19 МИЛЛИОН ДОЛАР СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИ БА МИЁН ОМАД

Қисмати дуюми чорабини дар «Кохи фарҳанг»-и шаҳри Бохтар бо иштироки меҳмонон баргузор гардид.
Зимни ҷаласа муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳадафи ҷараёни форуми байналмилалии Бохтар Фудро татбиқи дастурҳо аз Паёми Сарвари давлат арзёбӣ карда, онро дар рушди содирот, дарёфти роҳҳои рақобатнокии маҳсулот, баррасии имконоти марбут ба бахши содирот арзёбӣ намуданд.
Тавре зикр доштанд, форуми мазкур соли дуюм аст, ки бо дастури хоси Сарвари давлат баргузор гардида, дар минбаъда низ бо назардошти ҷалби сармояи хориҷӣ таҳким бахшида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар аз лиҳози маҳсулоти тозаву табиӣ хуб мешиносанд ва раванди форум роҳҳои нави густариши ҳамкориҳоро барои соҳибкорон ва кишоварзон боз мекунад.
Имсол вилояти Хатлон бояд беш аз 95 ҳазор тонна маҳсулоти деҳқонӣ содирот намояд. Танҳо дар сурати истеҳсолу содирот шароит фароҳам меояд, ки аз анвои воридотӣ пешгирӣ кард.
Акнун деҳқонон ва соҳибкоронро зарур аст, ки маҳсули меҳнаташон ба рақобат тобовар ва сифатнок бошад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳузури меҳмонони олиқадр аз кишварҳои дӯстро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрра мақдам гуфта, иқтидори истеҳсол ва содирроти вилоятро дар қиёс бо солҳои пешин афзалтар маънидод намуданд.
Тавре ишора шуд ҳар сол дар вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна то 2 миллион тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ тавлид мешавад.
Махсусан истеҳсоли мева, полезӣ, сабзавот ва анвои саноати хурокворӣ дар қиёс бо солҳои қаблӣ то ду маротиба ба назар мерасад.
Бо дастуру дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Хатлон бо давлатҳои дуст иртиботи қавиро дар ҳама бахшҳо ба роҳ монда, нақшаи содиротро низ ба маротиб баланд мебардоранд.
Дар ҷараёни форум маросими созишномаҳои байни ҳамдигарӣ сурат гирифта ҳамоҳангии шарикони рушд бо истеҳсокунандагони ватанӣ ба вуҷуд омад. Созишномаҳои ҷиҳати содироти намак ба Афғонистон, оби нушокии Сиёма ба Аморати мутаҳидаи Араб, тухм ба Ҷумҳурии Узбекистон, меваи лиму ба Ҷумҳурии Қазоқистон, меваи хушк ва чой ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, пиёз, меваи хушк, ангур ба Грузия, оби газдори Файзобод ба Қазоқистон, меваи хушки вилоят ба Аморати муттаҳидаи Араб ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки дар доираи Форуми мазкур ба имзорасонии яқатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба мабалағи 19 миллион долари ИМА ба миён омад, ки ин ба содироти маҳсулоти Ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фӯрушӣ маҳсулот мусоидат менамояд.