Рӯзи 22 сентябри соли ҷорӣ Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ» дар ноҳия, ки фаъолияти асосии он омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ мебошад, бо мақсади гиромӣ доштани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, инчунин ёде аз адибону орифони оламшумули тоҷик чорабинии фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва зиндагиномаи сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, Одамушшуаро, Султони шоирон, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доир намуданд, ки дар он аз ҳаёту зиндагӣ ва осори гаронбањову пурғановати ин ситораи дурахшони адабиёти форсу тоҷик шеъру ғазал қироат намуда, осори мондагор ва саҳми босазои онро дар рушди фарҳанг, маънавиёт ва адабиёти форсу тоҷик ёдовар шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз поягузори насру назми забону адабиёти форсу тоҷик маҳсуб ёфта, тавонистааст бо осори пурғановату мондагори худ дар рушд ва равнақи адабиёти тоҷик саҳми арзандаи худро гузорад. Чуноне, ки ҳамагон медонем, ҳамасола 22 сентябр дар гӯшаву канори ватани маҳбубамон Тоҷикистон рӯзи «Рӯдакихонӣ» таҷлил мегардад ва ташкилоту муассисаҳо, махсусан макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба муносибати бузургдошти чеҳраи мондагори адабу фарҳанги миллӣ устод Абўабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабиниҳои идона доир менамоянд ва аз ин тариқ номи бузурги устодро гиромӣ медоранд.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамасронаш ва адибони асрҳои баъдӣ ҳамчун «Одамушшуаро», «Устод», «Сари шоирон» ва «Соҳибқирони шоирӣ» эътироф доштанд.
Шуд он замона, ки шеъраш њама ҷаҳон бинвишт,
Шуд он замона, ки ў шоири Хуросон буд.
Доир ба ин метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои мукаммал омӯхтани ҳаёт ва зиндагиномаи адибону шоирони классики форсу тоҷик ва осори мондагори онҳо дар баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва огоҳии бештар пайдо намудан аз таъриху фарҳанг, гузаштаи пурифтихори ниёгони тоҷик хеле наҷибу ба марвид аст.