Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 14 ум то 22 октябри соли 2022 дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба масъалаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷуҳурии Тоҷикистон, самаранок истифодаи ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва захираи дусолаи мавоҳои ғизоӣ, пешгирии ифротгароӣ ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ вохуриву суҳбатҳо доир намуд.
Вохуриву суҳбатҳо дар деҳаҳои «Тоҷикистон» ва «Ҷуйбор»-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир, дар деҳаҳои «Телмон» ва «Вахши»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва дар деҳаҳои «Озоди» ва «Себзор»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ноҳия бо иштироки васеъи фаъолон, сокинон ва занони хонашини ноҳия барогузор гашта, иштирокчиёни вохуриҳову суҳбатҳо аз суханони пандомези вакил қаноатманд гашта, таҳкид намуданд, ки мо доимо ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва бо заҳмату меҳнати ҳаррӯзаи худ дар пешрафту шукуфоии давлати худ саҳми арзандаи худро мегузорем. Дар охири ҳар як суҳбату вохуриҳо иштирокчиён аз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар оиди рафъи мушилотҳо ва норасоиҳо, ки ба манфиати ҷомеа будан, таклифу дархостҳо намуданд.