Дар  деҳаи   Зарнисори  Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” дар асоси  нақша чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия  бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия  вохӯрӣ дар мавзӯъҳои “Пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  иртиҷоӣ ва  характери  террористию экстремистӣ дошта,  ҷинояту  ҷинояткорӣ  байни ҷавонону  ноболиғон,  худкӯшию худсӯзӣ ва  даъвати ҷавонон  ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо фаъолони деҳа  баргузор  гардад.

Қайд карда шуд, ки Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва  нангу  номуси  шаҳрвандӣ  мебошад.

         Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат кардан дар сафҳои Артиши миллии кишварро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба як чорабинии хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ  ҳаматарафа  омодаанд.

Имрӯзҳо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ аз  лиҳози  шароит ҷавобгӯ  ба  талабот хеле хуб гардидааст. Дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон, ҳиссаи муносиби  хешро гузошта  истодаанд.

Тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар бораи тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон тавуҷҷӯҳи ҷиддӣ  дода,  дар  ин  самт  як қатор  барномаҳои  давлатиро  барои тарбияи ватандӯстии  ҷавонон  қабул ва  амалӣ  гардонида  истодааст.

Ояндаи ҳар як миллат ҷавонони баору номусе мебошанд, ки ба фаъолияти созандагии хеш метавонанд обрӯю эътибори халқу Ватанро дар байни ҷаҳониён баланд бардоранд ва боиси ифтихору сарбаландии меҳани худ шаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published.