Тибқи нақша-чорабиниҳо 21 феврали соли 2020 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷашн гирифта шуд.

Иҷрокунандаи  вазифаи раиси  ноҳияи Ҷайҳун  Одиназода  Абдулҳафиз  Абдусаттор  баромад  намуда,   ба  муносибати  27 солагии  таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иштирокчиён  ва  кулли  мардуми шарафманди ноҳияро  табрик  намуд.

Аз  тарафи кормандони  комиссарияти ҳарбии  ноҳия,  омӯзгорони  омодагии дифои ҳарбӣ, донишҷӯёну  хонандагони  муассисаҳои таълимӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия  парад  ва роҳпаймоӣ    баргузор гардид.

Дар қасри фарҳанги ноҳия  ба  як  қатор  фаъолон  ва  волидайни  сарбозоне,  ки  фарзандонашон  бо  рафтори намунавӣ  дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хизмати Модар-Ватанро иҷро намуда  истодаанд,  ифтихорнома, сипоснома  ва  туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим  карда шуд.

 Дар охир  аз тарафи  санъаткорони  бахши фарҳанги ноҳия  барномаи  консертии идона  пешкаши  иштирокчиёни  чорабинӣ  гардонида  шуд.