Даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993 – 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, № 1466 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993 – 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.

    Раиси  ноҳияи Ҷайҳун  Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор  баромад  намуда,  даъватшавандагони ихтиёрие, ки ба комиссарияти ҳарбии ноҳия  омада буданд,  табрик намуд.

         Иброз карда шуд, ки  имрӯзҳо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз  лиҳози  шароити ҷавобгӯ  ба  талабот хеле хуб гардидааст. Дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон, ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст, ки: “Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар хизмат ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд”.

Дар охир  барномаи консертии идона  пешкаши  ҳозирини чорабинии мазкур  гардонида шуд.