Пешгирии коронавирус

Бемории сироятии COVID-19 дар як муҳлати кутоҳ зиёда аз 200 давлати сайёраро убур кардааст, ки сироятёбиаш аҳли оламро то ба ҳол ба коми худ кашида истодааст. Зиёда аз чор моҳ мешавад, ки хавфи бемории коронавирус аҳолии ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Ин бемории сироятӣ 90 дар сади калонсолонро гирифтори худ гардондааст. Бемории вабои нав садҳо ҳазор одамонро мубтало гашта, даҳҳо ҳазор ҳаёти одамони рӯи оламро аз байн бурдааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи мо низ дар ин шабу рӯз оид ба пешгирии ин бемории сироятии хавфнок чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

-Саривақт гузаронидани тадбирҳои профилактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ боис гаштанд, ки ин бемории пандемия аз хориҷи кишвар ба ҳавои тозаи кишвари мо бо риояю талаботи санитарию эпидомологӣ интиқол наёбад. Шукрона мекунем, ки то ба имрӯз дар ҷумҳурии мо ин бемории марговари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳами ин аз риоя намудани гигиенаи шахсӣ, саривақт (муваққатан) бастани муассисаҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ, безарар гардонидани муассисаҳои ҷамъиятӣ-динӣ, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои кӯдакона, бозорҳо ва дигар чорабинию маъракаҳо дар байни аҳолӣ дарак медиҳад.

Яке аз роҳҳои пешгирии ин бемории сироятӣ пеш аз ҳама шустани дастон бо собун, ки ин муҳимтарин пешгирии коронавирус мебошад. Дар вақти сулфа ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолчаи яккарата пӯшондан, то ки ба атрофиён зарар нарасад. Пеш аз тайёр намудани хӯрок ва пеш аз истеъмоли ғизо, баъд аз қазои ҳоҷат ҳатман дастҳоро бо собун ду-се маротиба шустан лозим аст. Агар табларза, сулфа ва нафаскашии душвор дошта бошӣ саривақт ба духтур муроҷиат кардан ин яке аз ҳимояи саломатии бадан ба шумор меравад,-гуфт дар суҳбат директории маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Мирзомуддин Холов.

Мутахассисони соҳаи тандурустии маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва КАТС-Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия баҳри ҳимоя ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ аз касалиҳои мухталифи сироятии мавсимию тропикӣ, аз ҷумла бемории коронавируси COVID-19 ҳамарӯза дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташвиқу тарғиб бурда, оиди ҳар як беморӣ дар пешгирӣ ва табобати он маслиҳату маълумотҳои муфассал медиҳанд.

Суратҳо гувоҳи онанд, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза дар байни аҳолӣ оиди пешгирии бемориҳо суҳбатҳо доир намуда истодаанд.

М. Сиярзода

Коронавирус- иностранная зараза

Говорят, у страха глаза велики,

Хотя надо бояться этой беды.

Нет, это не оспа, не чума, не эбола,

Это новый вирус- боль и нешета.

Новый вирус сеял страх и панику,

Почуял народ боль и крик души.

У многих карантин, сидят они дома,

Добрые советы дают врачи на Руси.

Помни обращение: без маски не ходи!

Надо соблюдать социальные дистанции.

Корона-вирус – этл серьёзная штука,

Не надо давать толчок эпидемии.

Чтобы остановить и избежать беды,

Нужно правильно соблюдать законы.

Вот, отступит новый вирус – убийца,

Тогда и будем говоритб о выживании.

Надо использовать возможности и ресурсы,

О совместной работе новой вакцины.

Корона-вирус – это иностранная зараза,

Много добрых людей под землю ушли.

У. Юсупов, учитель СОУ № 8