Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,…

Мо омӯзгорони синфҳои ибтидоиро зарур аст, ки барои дарсазхудкунии таълимгирандагони синфҳои ибтидоӣ бештар талош меварзем. Таълимгирандагон, ки хурдсол ҳастанд, бо як усул дарс надода, аз таҷрибаҳо усулҳои нав ба навро ба кори таълим дар равиши дарс истифода барем. Методҳои таълимӣ бениҳоят бисёранд.

Омӯзгор метавонад бо дарназардошти мавзуи дарс методҳои мақбулашро беандоза истифода барад. Волидайн фарзандони худро ба мактаб мефиристад ва аз он хушнуданд, ки фарзандонашон дар ин ҷо батаълиму тарбия фаро гирифта, аз ҳар ҷиҳат дониш ва обутоб меёбанд. Ҳол он ки дар муассиса ба бачаҳо аз рӯи барномаи таълимӣ дарс дода мешаванд.

Ҳар як омӯзгор метавонад бо методҳои зерин зеҳни хонандаро бурро ва дониши ӯро сайқал диҳад. Бо тарзи нақли ҷалбкунанда, суҳбат, машқи дохили синфӣ, кор бо китоби дарсӣ, истифодаи варақаҳои ранга, аёниятҳои худсоз, ангезиши зеҳн, гурӯҳбандӣ ва ѓайра ба худ ҷалб кунад. Боядхотиррасон намоям, ки шавқоварии таълими мавзуи дарс ба донишу маҳорати худи омӯзгор вобаста аст. Бузургон гуфтаанд, ки:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Агар мо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ имрӯз таҳкурсиро дар лоиҳа аз тамоми саъю кӯшишҳоямон дар донишандӯзии хонандагон истифода намоем, пас хонанда ҳангоми донишандӯзӣ ба ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуда, ба пешравиҳо ноил мегардад. Мояи ифтихори омӯзгор шогирдон мебошанд. Омӯзгори касбӣ ҳеҷ гоҳ хонандаро ба бесаводиаш эрод намегирад. Бо ӯ дарсҳои иловагӣ ва дар алоҳидагӣ машѓулиятҳои фаннӣ бигузаронад, чунки дониши хонандагон аз дониши омӯзгор вобаста аст.

Омӯзгори ҷавон барои мукаммал намудани дониши худ аз соатҳои холигии худ истифода бурда, дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок карда, аз таҷрибаҳои кори ҳамдигар самаранок истифода баранд. Агар хоҳем, ки кори мо самари хуб диҳад ва дарсҳоямон шавқовару хуб гузаранд, аз методҳои нави таълим истифода бурда, онро гаштаю баргашта омӯзем ва пас истифода намоем.

Омӯзгор дар кори худ ҷӯянда ва эҷодкор бошад. Мутолиаи китобҳои бадеӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳоро барои сайқал додани дониши худ ва истифода бурдани панду ҳикматҳои ниёгонамонро дар вақти машѓулият бо хонандагон истифода бурдан аз манфиат орӣ нест.

Семинарҳои «Бо ҳам бихонем» ба ҳар як иштирокчӣ, алалхусус ба омӯзгорони камтаҷриба усулҳои нав ба нави такмил додани дониш ва хониши хонандагонро меомӯзонад. Аз ин лиҳоз, ҳар як омӯзгори ҷавон ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ метавонанд дар дарси ҳамдигар иштирок карда, бо ёрии ҳамдигар дар таълими дарс зеҳни хонандаро дар атрофии мавзуи шавқовар бедор намоянд.

Олимҷон Набиев, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №14