ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН МАНФИАТОВАР АСТ

Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстии деҳаи Ҳофизи  Шерозӣ бо усули “ хона ба хона ” гузаронида шуд.

Илова бар ин вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта, нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем.