Сабзавоткорони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамасола ба кишти зироатҳои мухталифи сабзавотӣ камари ҳиммат баста, дар парваришу нигоҳубини зироат талош меварзанд. Деҳқонони хоҷагиҳо тирамоҳи соли 2019 барои таъмини Барномаи озуқаворӣ ба аҳолӣ дар майдони зиёда аз 3 ҳазор гектар пиёз кишт карда буданд. Дар парваришу нигоҳубин, обёрию ғизодиҳӣ ва аз ҳашаротҳои зараррасони сафедболаку ширинча муҳофизат намудани зироати пиёз аз заҳрҳои кимиёӣ истифода бурда, меҳнати босамар намуданд.
Ин аст, ки имрӯз дар хоҷагиҳо ҳосили зироати пиёз хуб ба чашм мерасад. Деҳқонони ғайратманди хоҷагиҳо умед доранд, ки аз ин сабзавоти парваришкардаашон ҳосили баланд ба даст оварда, хароҷоти хоҷагиҳои худро оиди истифодаи обу барқ ва истифодаи замин (пардохти ҳаққи андоз) таъмин намоянд.
Як қатор хоҷагиҳо имрӯзҳо ба ҷамъоварии ҳосили пиёзи нав оғоз намуданд. Онҳое, ки нисбатан барвақттар кишт карда буданд, ҳосилро кайҳо боз аз саҳро бардошта, заминро омодаи кишту кори зироати такрорӣ доранд.
Меҳнати ҳалолу софдилонаи марди деҳқон дар натиҷаи кор самараи хуб медиҳад. Чунки ӯ аз саҳар то бегоҳ дар саҳро дар моломоли меҳнат буда, ба ҳар як зироати кишткардааш мувофиқи талаботи агротехникиаш заҳмат кашида, корашро анҷом медиҳад. Деҳқонон аз меҳнати ҳаррӯзаашон қаноатбахш мебошанд. Ҳамасола миёни хоҷагиҳои деҳқонии сабзавоткор дар кишт, парваришу нигоҳубин ва баланд бардоштани ҳосилнокии майдонҳо рақобат ҷорӣ мешавад.
Деҳқонони хоҷагиҳои сабзавоткор баъди ҷамоварии ҳосили сабзавоти зироати пиёз боз кишти такрорӣ мегузаронанд, ки дар натиҷа аз як замин ду се ҳосил ба даст меоранд. Ҳамзамон пардохти андозбандии заминро аз қисми ҳосили зироат пардохт намуда, боқии даромади соф дар хазинаи хоҷагӣ нигоҳ дошта мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода моҳи апрели соли равон дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар назди ҷамъомадагон дар баромади хеш зикр намуд, ки «Хатлонзамин дорои заминҳои серҳосил ва обҳои мусаффо буда, аз заминҳои назди ҳавлигӣ ва президентӣ пурсамар истифода бурдан ба манфиати кор аст». Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Хоки зархези ноҳияи Ҷайҳун тамоми намуди донро сабзонида, ҳосили баланди меҳнатӣ ба марди деҳқон медиҳад. Аз ҷумла шолӣ, мош, нахуд, лубиё, маккаи дон, кунҷид, маҳсар, картошка, карам, шалғам, булғорӣ, тезак, шалғамча, лаблабӯ, батат, полезӣ ва дигар маҳсулотҳо дар қаламрави ноҳия хуб рӯида, ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад.
Мо умед дорам, ки хоҷагиҳое, ки барвақттар ҳосили пиёзро ба даст овардаанд, вақтро ғанимат дониста, ба кишти такрорӣ оғоз намоянд ва ба ин васила тавонанд дар ғанӣ гардонидани хони худ ва дигарон саҳми муносиб гузоранд. Ҳар як сокини ноҳия дар мавсим бояд захираи дусолаи хӯроквории хешро дар анборҳояшон дошта бошанд.
Маҳмудшо Сиярзода