Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи муаззами тоҷик таърихи тӯлоние дорад. Аслан ин миллат ориённасл буда, дар тӯли таърих ҳамчун миллати меҳанпараст ва тамаддунсозу фарҳангшинос шинохта шудааст. Миллати тоҷик дар тӯли ҳаёти хеш ба ҷаҳони мутамаддин фарзандони бузургу фарзонаеро додаст, ки онҳо баҳри рушди фарҳанг ва ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ хизматҳои арзанда намудаанд. Ногуфта намонад, ки тоҷикон ҳанӯз асрҳои 6-7 пеш аз милод соҳиби давлати хеш буданд. Дар ин давра давлати Бохтар бо пойтахташ Балх ва давлати Суғд, ки пойтахти он Мароқанд буд, арзи ҳастӣ доштанд.
Давлати Ҳахоманишинҳо ба ҷойи давлати Мидӣ дар асри 6 пеш аз милод рӯйи саҳнаи таърих омад, ки минбаъд нақши неки худро гузошт. Китоби «Авесто», ки бузургтарин қомуси тамаддун ва нахустин дастоварди фарҳангии ориёнҳои шарқӣ-саромадони тоҷик аст, аз гузаштаи аҷдодони мо маълумоти муфассал медиҳад.
Мазмуни таълимоти Зардушт дар ин китоби мазкур аслан аз даъватҳои ӯ ба сулҳу салоҳ, ягонагӣ, обод кардани деҳу рустоҳо, кор кардан дар киштзорҳо, афзудани чорпоён ва дороӣ буда, зиндагии кӯчиёна, роҳзанӣ, рабудани молу мулки мардумро маҳкум намудааст. Мақсад аз овардани таърихи Авесто ба таърихи миллати тоҷик аз он иборат буд, ки таърихи мардуми ориёиро ҳамчун ҳуҷҷат ва далел исбот карда аст.
Осори таърихии тоҷикон агар аз алифбои авестоии асри 6 аниқтараш аз замони Хусрави-1 (531-547) ба вуҷуд омада бошад, адабиёти тоҷик ва фарҳанги он дар асрҳои 9-10 басе ҳам бою ғанӣ гардидааст. Дар давраи салтанати Сомониён бошад, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, санъат ва соҳаи варзишӣ дар Осиёи Миёна рушду такомул меёбад.
Баъди заволи давлати Сомониён тақдир роҳи ҳазорсолаи тираву тореро ба рӯйи миллати тоҷик во менамояд, ки дар он кишваркушоёни турку муғул ва шайбониҳову манғитҳо саҳми худро гузоштаанд. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, миллати тоҷик аз мулкҳои авлодии худ маҳрум гашта, ба васвасаи душманони миллат гирифтор мешаванд, ки дар натиҷа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ мубтало мегардад. Бинобар ҳамин дар фуроварди гуфтаҳоям аз ҳамдиёрони хеш хоҳиши онро дорам, ки шукронаи неъматҳои Худои таъоло, шукри давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, шукри замон, сарзамини осоишта ва шукри сарвари хирадманду адолатпешаи он Эмомалӣ Раҳмонро кунем, к ибо дасти сахову хони пурнеъматаш ҳама дарҳои дӯстиро ба рӯйи ҷаҳониён кушода аст.
Рӯдакии бузург чунин фармудаанд:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Беҳуда халқамон нагӯфтаст, ки «Оташ ба ҳар буттае, ки биафтад, ҷабри сӯхтанро ҳамон бутта мекашад». Роҳи ҳақ ҳамеша касро ба кӯи мурод мерасонад. Аз ин рӯ ба тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат менамоям, ки роҳи ҳақ ин пайроҳаи ихтиёрнамудаи Пешвои муаззами миллат аст. Биёед пайрави воқеии Пешвои хеш бошем!
Шаҳлохон Исматова, омӯзгори МТМУ №12