Хонандагони азизу муҳтарам, мо аснои исрофкорӣ, ки оқибати хуб надорад, адешаҳоеро хуро рӯи қоғаз овардем, то ки мардуми мо донанд, ки ҳама талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳбудии зиндагӣ ва ҳаёти пурбаракату осоишта мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи исрофкорӣ диққати ҷиддӣ дода, чунин таъкид намудааст:
«Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ харҷу сарфи зиёд нораво буда, худи Имоми Аъзам низ баргузории маъракаҳои серхарҷро хуш надоштааст».
Дар ҳақиқат исроф дар ин манобеъ ба маънои зиёдаравӣ омада, натанҳо дар сарватҳои моддӣ, яъне исрофи маводҳои ғизоӣ, балки дар дороиҳои маънавӣ аз қабили умри беҳуда, гуфтори беҳудаву нодаркор ва рафторҳои ба инсон номуносиб низ зиёдаравӣ аст, ки ба хулқи инсон нописанд буда оқибати хубе ба бор намеорад.
Агар бихоҳем ва бифаҳмем истифодаи дуруст бо исроф чӣ фарқ дорад, кори осон аст. Масалан, дар барпо кардани маъракаҳо, оростани дастурхони идона ва ҳатто дар либоспӯшӣ низ одамон ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Ҳамин тавр, ҳар хӯрдан ва ошомидан ва ҳатто ҳар рафтор ва гуфторе, ки беҳуда бувад, ҳеҷ ниёзе ба он набошад, исроф маҳсуб мешавад. Баъд аз Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани хурофоту исрофкорӣ ҷаҳду талошҳои зиёде намуданд, ки то тавонанд затҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистонро боло бардоранд.
Яке аз иқдомҳои наҷиб, соли 2007 ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки 13 сол муқадам барои аз байн бурдани хурофоту зиёдаравиҳо хизмат мекунад. Дар давраи амлигардонии ин қонуни сирф миллӣ якқатор маъракаҳои таҳмилии беасос, ки ба сари мардуми оддӣ бор шуда буд, бартараф карда шуда маъракаҳои хурсандӣ ва маросимҳои азодорӣ ба танзим давроварда шуд, ки барои баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кард.
Дар баробари ҷаҳду талошҳои Ҳукумати Кишвар бояд гуфт, ки шариати ислом низ исрофкориро маҳкум мекунад, мардум инро бояд дурӯст дарк кунанд.
Оятҳои Қуръони карим ва ривоятҳои воридшуда аз Паёмбари акрам (с) дар баробари ташвиқ намудан ба хайру садақа, исрофкорӣ ва зиёдаравиро мазаммат намудаанд.
Дар ояти 31 сураи Аъроф Худованд мефармояд:
«…Бихӯред ва биёшомед ва исроф макунед, ки Ӯ (Худованд) исрофкоронро дӯст намедорад».
Аз ин оят маълум мегардад, ки шариат зидди истифода аз неъматҳо нест, вале исрофро манъ мекунад. Ин гуфтаҳо бар он далолат мекунад, ки вақти оростани дастурхон, маъракаҳои хурсандӣ, ба меҳмонӣ рафтан, ки ҳамаи онҳо ба тановули хӯрок иртибот доранд, исроф намудан манъ мебошад.
Мо бояд дар ҳар кор кӯшиш кунем, ки мабодо ба исрофкорӣ роҳ надиҳем. Нисбати истифодаи обу таом, дарахтону меваҳо ва дигар неъматҳое, ки дар ихтиёри мо мебошанд, боэҳтиёт бошем ва аз андозаи лозими бештар сарф накунем, зеро шояд ҳаққи дигаронро талаф намоем.
Қуръони карим исрофкорро бародари шайтон номидааст, ки ҳар мусулмонеро дар ин масъала ба фикр водор месозад:
«… Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд ва шайтон нисбати Парвардигораш носипос буд» (Сураи Исро, ояти 27).
Дар ривояте аз Расули акрам (с) нақл шудааст, ки «Исрофкор чор нишона дорад: 1-ба корҳои ботил фахр мекунад, 2 –он чиро ки бо ҳоли ӯ муносиб нест мехӯрад, 3 –дар корҳои хайр рағбат надорад, 4 –ҳар касеро, ки ба ӯ фоида нарасонад, инкор мекунад».
Аз ин ояти Қуръон ва сухани Паёмбари Худо (с) чунин натиҷа ба даст меояд, ки исрофкорӣ аз гуноҳони бузург буда, носипосию ношукрӣ ба Парвардигор ҳисоб меёбад.
Шаҳрвандони азиз бояд ба ҷои исрофкорӣ ба анҷом додани амалҳои хайр пардозем. Дар шариати исломӣ амалҳои гуногуне зикр шудааст, ки беҳтарини онҳо садақаи ҷория мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа дар бораи шахсони муҳтоҷ суханронӣ намуда, доир ба фазилати садақаи ҷория чунин зикр карда буданд:
«Ашхоси доро ва сарватманд бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд.
Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад».
Дар фарҳанги исломӣ ҳар кас асосгузор ё зиндакунандаи кори хубе (суннати ҳасана) бошад, то рӯзе, ки одамон он корро анҷом медиҳанд, барои ӯ низ савоб навишта хоҳад шуд. Садақаи ҷория ҳам монанди кори хуб то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд савобаш ба шахси соҳиби садақа хоҳад расид.
Агар бихоҳем садақаи ҷорияро таъриф намоем метавонем чунин бигӯем: «Садақаи ҷория чизе аст, ки аз садақадиҳанда ба ёдгор мемонад ва фоидаи он муддатҳои тӯлонӣ, ҳатто баъд аз даргузашти соҳибаш ба ҷомеа нафъ мерасад». Пас маълум мешавад, ки садақаи ҷория як чизи мондагор ё ин ки абадӣ ва фоидаовар барои мардум мебошад.
Доир ба фазилати садақаи ҷория Пайғамбар (с) фармудаанд: «Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, магар се чиз: садақаи ҷория, илме ки аз он истифода шавад ё фарзанде солеҳе, ки барои падару модараш дуо кунад» (Ҳадиси саҳеҳ, м.1631).
Аммо чӣ чизҳое садақаи ҷория ҳастанд? Дар аҳодиси Пайғамбар (с) чизҳои гуногуне садақаи ҷория ба шумор оварда шудааст. Аз ҷумла, обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек. Агар ба ҳар кадом аз ин чизҳо назар кунем, дар ҷои худ ва дар мавриди муайяне барои ҷомеа ва мардум фоидаовар мебошанд. Пас, метавонем чунин натиҷа бигирем, ки дар ин миён ҳар чизе, ки фоидааш барои мардум ва ҷомеа бештар ва замони фоидарасониаш зиёдтар бошад, садақаи ҷория хубтар хоҳад буд. Ҳамчунин, мо бояд ниёзмандиҳои муҳит ва ҷомеаву мардумро ҳамеша дар назар дошта бошем. Дар ҳар замон ва шароит ҷомеа ниёзмандиҳои гуногуне дорад. Ба ҳамин хотир садақаи ҷория аз назари ниёзмандии мардум ва ҷомеа ҳам бояд ба талаботи замон ва макон мувофиқ бошад.
Суннати садақаи ҷория дар дини мубини Ислом дар асл барои ислоҳи ҷомеа ва обод намудани он дар назар гирифта шудааст. Ин суннати нек метавонад бисёре аз камбудиҳои ҷомеаи моро бартараф намуда, зиндагии хубу гуворотареро барои муҳтоҷон фароҳам намояд. Агар дар маҳалле мардум ба сабаби набудани роҳи хуб дар рафтуомадҳояшон ба мушкилот рӯбарӯ мешаванд, ҷои садақаи ҷория дар сохтмони ҳамон роҳи лозимӣ аст, то осоиши онҳо фароҳам гардад. Агар фарзандонашон барои рафтан ба мактаб ба хотири дур будани роҳи мактаб мушкилӣ доранд, ҷои садақаи ҷория сохтани мактаб аст. Агар дар маҳаллае бунгоҳи тиббӣ набошад, беҳтарин садақаи ҷория сохтани он бунгоҳ аст.
Савоб ва подоше, ки барои садақаи ҷория дар назар гирифта шудааст, бисёр бузург ва муҳим аст. Дар Қуръони карим ибораи «боқиёти солиҳот» омадааст ва аз ҷумла ҳар кори хуб ё ёдгори фоидаовареро, ки аз барои Худо бошад ва мондагору абадӣ гардад, боқиёти солиҳот гуфтаанд:
«Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд» (Сураи Каҳф, ояти 46).
«Ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи подош беҳтар ва ба оқибат некӯтаранд» (Сураи Марям, ояти 76).
Садақаи ҷория корест, ки барои осоиши мардум ва ободии ҷомеа равона мебошад, аммо агар дуруст бингарем барои бисёриҳо сабаби наҷот аст, зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр муносиб ва хубест, то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некӯи охиратро ба даст оваранд.
Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мо ба ҷои маъракаҳои пурдабдаба, худнамоиву тақлидкорӣ ба хайру эҳсон даст кушода, сабаби ободтар гаштани диёр, бароварандани ниёзҳои мардум гардем, то ба ин васила ҳам дунё ва ҳам охиратамон обод гардад.
Умедворем, ки муҳаббати мардум ва хайрхоҳӣ нисбат ба ободии диёр ва ниёзмандон зиёд мегардаду ҳама якдилона барои боз ҳам шукуфоии Ватани маҳбубамон камари ҳимат мебандем.
Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун
Камолзода Чалолиддин Аслудин